Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
садриддин айнӣ ва адиБони Эрон «Китобҳое, ки аз адибони Тоҷикистон тоза ба Эрон расида, дархўри таваҷҷўҳи бисёр аст. Мутолиаи ин кутуб барои касоне, ки ба забон ва адабиёти форсӣ дилбастагӣ доранд, аз чанд ҷиҳат судманд аст: нахуст он ки забони форсии тоҷикӣ аз лаҳҷаҳои фасеҳи форсӣ аст, ки бо забони форсии адабӣ беҳ аз лаҳҷаҳои дигар қаробат дорад ва бисёре аз луғоти фасеҳ ва ширини форсиро, ки назди мо фаромўш шуда, дар ин кутуб метавон ёфт ва аз ин роҳ ба таҳзиб ва тавсиаи забони форсӣ кўмак метавон кард».
Устод Парвиз Нотили Хонларӣ
(Маҷаллаи «Сухан», соли як, шумораи 2, с.97)
Садриддин Айнӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як кишвари хориҷӣ сафар накарда буд. Ў дар мамлакати шўроҳо ҳам зиёд сафар накардааст. Зеро вай, ки ҳазорон ҷоми талхи рўзгорро чашида худро дар синни чиҳисолагӣ шогирд – шогирди замони нав дониста буд ва таҷрибаи кофии зиндагӣ дошт ва саҳифаҳои сарнавишти мардумро дар лавҳи хотираш чун қарзи замон нигоҳ медошт, аз ҳама чиз бештар вақтро азиз медонист, зеро овардани он ҳама воқеоти даҳшатовари зиндагии мардумро дар гузашта ба рўи китоби рўзгорон – орзу ва ормони ягонаи ҳаётии худ медонист. Аммо вай пас аз Инқилоби Октябр ба воситаи асарҳояш ба зудӣ ба мамолики хориҷа сафар кард. Ин сафари якумин қиссаи навоваронаи тоҷик – сафари «Одина» буд.
Одина ба гардиш баромад. Аввал вай Осиёи Миёнаро сайр кард, то баландкўҳҳои тоҷик расид, ба Бадахшон омад. Пас барои дидани Осиёи Миёна ба роҳи Маскав афтод ва ба ин восита ба дасти хонандаи рус ва украин ва соири мамолики дигари Иттиҳоди Шўравӣ расид ва баъдтар ба мамолики Аврупо қадам ниҳод.
Аммо ба зудӣ, пас аз навишта шуданаш «Одина» ба кишварҳои ҳамҷавор
– Эрон, Афғонистон, Ҳинду Покистон қадам ниҳод. Ин мамоликро «Одина»
мазлум ва бечора дид. Дар ин ҷо вай дўстоне пайдо кард, ки ўро бо ҳусни муҳаббати хосе истиқболаш намуданд. Зеро сарнавишти Одина ҳазорон тақдирҳо ва қисматҳои мардуми ин кишварҳоро ба ёд меовард. Ба ин тариқ, «Одина» дар ин ҷо на танҳо ба дасти ҳамзабонон расид, балки ба мардуми заҳматкаши ин кишварҳо, ки на танҳо ҳамзабон буданд, балки бо ў ҳамдил ҳам буданд, худро арза дошт ва чун фарзанди барўманд ва шоистаи ҷумҳурияи навбунёди Тоҷикистон, чун фарзанди кишвари бостонии Рўдакӣ садои озодии офаридгори хешро ба самъи ташнагони рўзгори нав расонд. Садои «Одина» дар Эрон ба манзили зани эронӣ Шукўҳи Ховариён, ки дар Поминори Теҳрон, дар хонаи рақами 9, кўчаи Оқомўсо воқеъ буд, расид ва меҳмон шуд. Ин меҳмонӣ хуш гузашт ва Шукўҳи Ховариён таассуроти саршор аз эҳсосот ва самимияти хешро дар номаи худ баён намуда ба Тоҷикистон фиристод. Аз ҷумла ў навишта буд: «Дар шумораи 6 маҷаллаи «Раҳбари дониш» зери унвони «Якумин қиссаи инқилобии тоҷик» «Одина» асари С.Айнӣ як ришта навиштаҳое хондам, ки эҳсосоти маро муҳаррик шуд, ки ин муросаларо ба шумоҳо, ки ношири афкори озод ва инқилобии форсизабонон ҳастед, бинависам. Ман ҳанўз ин китоби муқаддасро, ки намунае аз нолаҳо ва фарёдҳои бадбахтон ва гирифторони Шарқ аст, надидаам, ҳанўз фусули адидаи онро, ки ҳар як таблои ҳузнангез хоҳад буд, аз ҷулуи чашмам нагузашта, вале ҳамон навиштаи шумо ба ман ҳам собит мекунад, ки тамоми омол ва орзуҳои меҳнаткашони Шарқ, хусусан форсизабонон, дар он ҷамъ хоҳад буд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё