Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо ман бо ҳамаи ин, ба фаҳмиши хонандагон қаноат накарда асарҳои таърихи таълифашон маълуми Бедилро ягон-ягон таҳлил намуда, ба вақти таълиф ва ба он ҳолати рўҳия, савияи илмия ва ҷаҳонбинӣ, ки шоир дар вақти таълиф дошт, мувофиқ будани мазмуни ҳар кадоми онҳоро исбот намудам.
Дар бораи ғазалиёт ва рубоиёти шоир, ки таърихи эҷод карда шуданашон маълум нест, ба мазмуни зерин сухан рондам (дастнавис, ки дар дастам нест, мазмунашро менависам):
Одатан девонҳои шоирон ба тартиби алифбо ҷамъ карда мешаванд, дар ин сурат ду ғазал ё ду рубоӣ, ки яке аз онҳоро шоир, масалан, дар вақти 20- солагиаш, дигарашро дар ҳафтодсолагиаш гуфта бошад, мумкин аст, ки ба сабаби алифбои охири мисраашон як будан дар як ҷои девон ва дар паҳлўи ҳамдигар ҷойгир шуда бошанд. Дар ин сурат хонанда мебинад, ки …гўён он текстро,ки муаллифи ретсензия гирифтааст, навиштам.
Баъд аз он гуфтам, ки бинобар ин асарҳои таърихашон номаълуми шоир, ки мазмунашон зидди якдигаранд, ба қиёси асарҳои таърихашон маълуми шоир, дар вақтҳо ва шароитҳои гуногун гуфта шудани онҳоро ба назар гирифта мутолиа кардан лозим аст (он чизе, ки дар ин ҷо навиштам, хулосаи муқаддимаи ҳамон боб аст). Муаллифи ретсензия ҳамаи он суханҳои таҳлилӣ ва татбиқиро, ки дар натиҷаи чандинсола тадқиқотҳои худ хулоса карда навишта ба хонандагони бовиҷдони суханшинос тақдим намудам, поймол намуда танҳо ҳамон порчаи текстро, ки ба шарти таърихи таълифи асарҳои шоирро ба назар нагирифтан барои нишон додани ҷой ва сабаби иштибоҳи баъзе хонандагон ва адабиётшиносон (дар байни адабиётшиносон баъзеашон буданд ва ҳанўз ҳам ҳастанд, ки Бедилро ба бепринсипӣ нисбат медоданд) навишта шудааст, дошта гирифта муаллифи китобро ба нодонӣ ҳамл карда ба ў дарс медиҳад ва чунончи шогирдони кундзеҳнро дар мактабҳои кўҳна мезаданд, бераҳмона сахт мезанад.
Ин навъ муносибати ретсензиянависро ба текст ва муаллифи он, ба чӣ сабаб ҳамла карданро ман намедонам ва наметавонам агар гўям, ки ў текстро нафаҳмидааст – ин аз имкон берун менамояд, зеро як олими тоҷик номзади фанҳои таърих шуда истода тексти як асари ба забони тоҷикӣ навишта шударо, ки оид ба таърихи адабиёти тоҷик аст, на ин ки нафаҳмад?
Агар гуфтан хоҳам, ки ў дидаву дониста истода қасдан текстро вайрон карда думу гўши вайро бурида гирифтааст – ба ин ҳеҷ забонам намеравад, зеро як олим худ аъзои партия шуда истода, дар айни замон, ки сардори Главлит аст, на ин ки қасдан ин корро кунад?
Агар гуфтанӣ шавам, ки ў мусолаҳакорӣ карда дар вақти навиштани ретсензия бо диққат сар то пои китобро нахондааст ва дар вақти ретсензиянависӣ ҳама ҷои китобро ба ҳам пайванд дода ба назар нагирифтааст – инро виҷдонам қабул намекунад, зеро як олими аъзои партия, ки партия ба ў бовар карда вазифаи сардории Главлитро супурда масъалаи ҳаёту мамоти асарҳои муаллифҳои онҳоро ба фикри ў вобаста кардааст – на ин ки ба вазифаи худ мусоҳалакорӣ ва сардмуомалагӣ намояд?

пешина
аз 235
навбатӣ