Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бедил, ман он наям, ки шавам тоҷири камол,
Ҷое, ки хосу ом суханрост муштарӣ…
Аз ҳеҷ кас наям силаандеш бешу кам,
Маддоҳи фитратам, на Заҳирам, на Анварӣ…

Магар дар тарҷумаи ҳол ва эҷодиёти Бедил оварда таҳлил кардани ин шеърҳо ва даҳ баробари ин дигар шеърҳои шоир намояндаи кадом синф будани ўро муайян намекунад?!
Агар ретсензиянавис ба инҳо диққат накарда бошад, ё диққат карданро лозим надонад, ба ин муаллифи китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» ҷавобгар нест.
8) Моддаи ҳаштуми ретсензия асосан ба ду қисм ҷудо мешавад. Қисми якум иборат аз он аст, ки гўё муаллифи китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил»
дар кадом вақт дар кадом шароит ва дар кадом марҳалаи умри шоир гуфта шудани ҳар кадом шеърҳои аз ҷиҳати идея зидди якдигар будаи ўро муайян накардааст. Назар ба фаҳми ретсензиянавис гўё муаллифи китоб Бедилро дар як фурсат ҳам диндор, ҳам ба дин муқобил, ҳам мутасаввифи динӣ, ҳам файласуфи ба аҳкоми дин бовар накунанда фаҳмидааст. Баъд аз он рет сензиянавис муаллифи китобро «як одам мумкин нест, ки дар як фурсат ба ҳамин қадар сифатҳои зидди якдигар соҳиб шавад» гўён танбеҳ мекунад. (Мо ин суханҳоро аз гуфтаҳои ретсензиянавис мазмунан ва хулоса карда гирифтем, на айнан).
Баъд аз он муаллифи ретсензия ба айбе, ки дар қисми якуми моддаи ҳаштум ба гардани муаллифи китоб бор кардааст, тексти зеринро аз гуфтаҳои муаллифи мазкур ба сифати далел аз с.62 китоб нақл мекунад:
«Масалан дар як байту рубоӣ шоир як диндори тамоми аҳкоми шариатро риоя кунанда шуда намояд…» Қисми аввали ин текстро ретсензиянавис бесаводона, ё қасдан – кадоми инҳоро, ки ў ба худ муносиб донад – вайрон карда – бемаънӣ гардонда гирифтааст. Бинобар ин ман хатоҳои ўро дуруст карда текстро аз сар менависам:
«Масалан дар як байт ё рубоӣ шоир як диндори тамоми аҳкоми шариатро риоя кунанда намояд, дар як байт ва ё рубоии дигар ў аҳли тасаввуфу тарафдори ваҳдати вуҷуд ё ин ки файласуфи ғайр аз чизҳои ба назар намоянда ҳама чизро инкор кунанда ҷилва менамояд».
Барои муайян кардани қадру қимати ин қисми моддаи ҳаштуми ретсензия аз китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» боби эҷодиёти ўро тамоман ва бо диққат хондан мумкин ат, ки бар болои он боб рубоии зерини шоир навишта шуда:
Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст, Дар чандин вақту он фуруд омадааст, Таврот набуд, то бигўям ки ҳама
Якбора зи осмон фуруд омадааст.

Бо дидани ин рубоӣ, ки муаллиф дар аввали тадқиқоти худ аз шоири
тадқиқшаванда овардааст, ҳар кас ба хубӣ мефаҳмад, ки тадқиқкунанда, чунонки дар ҳама олимон ва шоирон ҳаст, асарҳои Мирзо Абдулқодирро ҳам ба вақти таълиф ёфтанашон сахт алоқаманд медонад.

пешина
аз 235
навбатӣ