Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун!
Бардор ба оҳан оҳани тофтаро!

Бедил, ба ғаним касри шон нанамоӣ!
То тир тавон шудан, камон нанамоӣ!
Хосияти ин маърака оҷизкушӣ аст,
Ин ҷо, зинҳор, нотавон нанамоӣ!

Эй нон, ту гарм аз тафи дилҳои кабоб!
Аз хиҷлати зулм боядат гаштан об!
То коми ту молида як ангушт асал
Бунёди ҳазор хона гаштаст хароб!

Аз ҳар ҷинсе, ки зери афлок басест
Чун боз шикори дили ғамнок басест,
Ин ҷо азбаски хонаҳо гашта хароб,
Қуфли зангор хўрда дар хок басест.

Дунё, ки фусуни маю нўше будаст,
Ҳар вақт ба коми комҷўше будаст,
Ин ҷо Заҳҳоке мордўше будаст,
Искандар ҳам дарозгўше будаст.

Шоҳон, ки зи худсарӣ ҷаҳонтасхиранд,
Дар дахли умури ҳақ халалтадбиранд,
Ин бекорони ғарраи ҷоҳу ҳашам
Ангушти зиёди панҷаи тақдиранд.

Дар мадраса ҷамъе, ки фароҳам гаштанд,
Медонӣ аз куҷо мукаррам гаштанд?
Полону зулуму фасар мехост харӣ,
Аз бесомонӣ охир одам гаштанд!

Аз ин дунё умедро поя махоҳ!
Ҷуз карруфари либос пероя махоҳ!
З-ин қавм таваққўи ҳимоят пуч аст,
Аз сақфи баланди осмон соя махоҳ!

Дар таъни шоирони маддоҳ гуфтааст:

Эй басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро
Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷоҳ аст,
В-эй басо нусха ки дар мактаби ташвиши тамаъ
Рўсиёҳии бад аз мадҳи амиру шоҳ аст.
Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб,
То бидонӣ чӣ қадар фитраташон кўтоҳ аст.

пешина
аз 235
навбатӣ