Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қатъи манзилу тайи мароҳил карда, ба ҷое расида дид, ки шаҳри азиме. Девори қалъаи он сар бар фалак кашида, хандаки амиқ ба гирдогирди ӯ кандаанд ва мардумони он ҳемаи¹ бисёреро оташ карда нишастаанд. Ҳотам дар дил гуфт: «Сабаби инро бояд пурсид».

Наздики он қалъа рафта гуфт:
— Эй ёрон, сабаби оташ кардан чист?

Он мардумон гуфтанд:
— Эй ҷавон, балои азиме меояд ва ӯ аз оташ метарсад ва илло ҳамаи моёнро харобу нобуд мекунад.

Ҳотам гуфт:
— Чӣ қисм балост?

Он мардумон дарҳол сурати он балоро кашида ба Ҳотам бинамуданд.

Ҳотам дида шинохт ва гуфт:
— Ин балоро Саҳмнок мегӯянд, ҳашт по дораду ҳафт сар. Як сари ӯ ба монандӣ фил аст ва шаш сари дигари ӯ ба монандӣ сари шер аст ва он саре ки ба монандӣ фил аст дар миёна аст ва се чашм дорад.

Ва боз гуфт:
— Эй мардумон, хотири худҳоро ҷамъ доред. Имшаб ин балоро аз сари шумоён дур хоҳам кард, валекин тиру камони бақувват маро бидиҳед.

Дарҳол чунин карданд.

Ҳотам тиру камонро ба даст гирифта, мунтазири шаб шуда истод. Чун рӯз гузашт, шаб бар сари чанг даромада посе аз он гузашта буд, ки ҷонвари Саҳмнок бо ҳазорон шӯру ғавғо қариб расида биистод. Баъд аз соате ба ҳар тараф медавид, садои фил ва ғавғои шер аз даҳонҳои хеш мебаровард. Аз ҳамаи мардумони шаҳр фарёду афғон баромад. Ҳамаи эшон аз тарси он ҷонвар ҳамчун кӯраи симоб дар ларза буданд.

Ҳотам тирро дар ҷиллаи камон пайваста аз миёнай ду чашми ӯ чунон зад, ки наъраи муҳиб аз ҷигар бароварда, бар замин афтод. Аз зӯри наъраи он замину замон ва макину макон ҳамчун барги бедон дар ларза даромад. Баъд аз соате он ҷонвар аз ҷои худ бархост ва дар гурез шуда, ба ҷониби биёбони бадар рафт.

Ҳотам низ ба шаҳр даромад, бо мардумон мулоқот кард.

Мардумон гуфтанд:
— Эй ҷавон, аз он бало ту чӣ гуна халос шудӣ?

¹ Ҳема — хезум.

пешина
аз 269
навбатӣ