Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳотам гуфт:
— Эй мардумон, агар бовар надоред ҳамаи шумоён баромада, бар болои бом хоб равед. Агар шаб наёяд, донед, ки сухани ман рост аст. Мардумон ҳамчунон карданд. Ҳамаи шаб гузашт, он бало наёмад. Алассабоҳ ҳамаи мардумон омада, дар зери қадами Ҳотам афтоданд ва зари бисёр оварда, ба Ҳотам доданд. Андак аз он зарҳо гирифта, боқии онро ба мискинон ва мӯҳтоҷон бахшид ва бо эшон видоъ карда, ба ҷониби Мозандорон роҳӣ шуд ва дар айни роҳ гаштан ба ҷое расида дид, ки як мори сиёҳ ва як мори сафед ҷанг карда истодаанд. Тамошокунон наздики он мори расида бийистод. Не мори сиёҳро зафар, не мори сафедро хатар.
Баъд аз соате Ҳотам бонг бар морон зада гуфт, ки:
— Морон, чаро ҷанг мекунед?
Мори сафед гуфт:
— Эй одамизод, ин падари маро кушта буд, мехоҳам, ки хуни падари худро аз ин ситонам.
Мори сиёҳ гуфт:
— Ин хӯроки ман аст, мехоҳам, ки кушта бихӯрам.
Ҳотам гуфт:
— Эй мори сиёҳ, инро бигузор, ман худро ба ҷои ӯ медиҳам, ҳарчӣ хоҳӣ бикун.
Морон ин суханро аз Ҳотам шунида аз ҷанг бозистоданд.
Дарҳол мори сиёҳ гуфт:
— Эй одамизод, бояд ки гӯшти худро ба ман бидиҳӣ ва ба ваъдаи худ вафо намой, то ин ки аз оташи гуруснагӣ халос ёбам.
Ҳотам гуфт:
— Аз куҷои бадани ман мехоҳӣ?
Мор гуфт:
— Аз рухсораи худ бидеҳ.
Дарҳол ханҷар аз наём бароварда, мехост, ки ба рухсораи худ теғ ронад, мори сиёҳ гуфт:
— Бош, эй одамизод, моён аз барои озмоиш ҳилате карда чунину чунон гуфта будем. Офарин бод бар ҳиммату бар саховати ту.
Ҳотам мутаҳайир шуда гуфт:
— Эй махлуқон, ин чӣ сир аст?
Мори сиёҳ гуфт:
— Эй барно, моён аз қавми ҳабашем ва падари инро кушта будам ва ба хоҳараш ошиқ шуда. Мехоҳам ки инро низ кушта хоҳарашро бигирам.

пешина
аз 269
навбатӣ