Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ҳотам гуфт:
— Ҳарду аз як ҷинс будаед, чаро хоҳари худро ба мори сиёҳ намедиҳӣ?

Мори сафед гуфт:
— Эй азиз, ин ҳам хоҳаре дорад, бар ман бидиҳад, ман низ хоҳари худро ба ин медиҳам.

Ҳотам гуфт:
— Салоҳ ҳамин аст, ки хоҳарони худро ба якдигар бидиҳед. Дар миёни шумоён дӯстӣ падид хоҳад омад.

Мори сиёҳ гуфт:
— Падари ман зинда аст, бе рухсати падари ин корро наметавонам кард.

Ҳотам гуфт:
— Маро дар назди падари худ бубар, ман ӯро розӣ хоҳам кард.

Мори сиёҳ Ҳотамро гирифта равона шуд. Чанд масофат роҳ гашта, ба ҷое расида дид, ки шаҳри азиме.

Мор гуфт:
— Эй бузург, ту фалон маҳалро пурсида, дар хонаи падари ман равӣ ва ман ба ҷои дигар хоҳам рафт.

Ҳотам гуфт:
— Хуб аст.

Ҳотам аз мор ҷудо шуда, дар назди падари ӯ рафт ва номи падари ӯро Хурчин мегуфтанд ва ӯ подшоҳи чиниён буд.

Ҳотамро дида пурсид, ки:
— Эй одамизод, туро дар ин шаҳр чӣ кор аст?

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, барои некӣ омадаам.

Шоҳ гуфт:
— Одамизод ба чиниён чӣ гуна некӣ мекунад, ки кори эшон ҳамеша ҷангу адоват аст?

Ҳотам гуфт:
— Ман чунин нахоҳам кард.

Хурчин гуфт:
— Бигӯ, бо чӣ омадай?

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, туро писаре буда, аз ӯ даркорӣ дорӣ ё на?

Хурчин гуфт:
— Дар дунё маро як писар аст, бе ӯ зиндагӣ натавонам кард.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, чунин бошад, бояд, ки гуфтаи маро қабул намой ва илло кадом рӯзе кушта хоҳад шуд.

пешина
аз 269
навбатӣ