Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарҳол Ҳурчин дасти Ҳотамро гирифта дар назди худ бинишонд ва гуфт:
— Эй одамизод, раҳмат бар падару модари ту бод, ки маро аз аҳволи писари хеш огоҳ гардондӣ. Акнун бигӯ, ки чӣ ҳикоят аст.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, писари ту падари ҷинеро куштааст ва писари ӯ дар паи куштани писарат гаштааст ва ҳар дуи онҳо дар ҷанг будаанд, расида онҳоро аз ҷанг ҷудо карда, ба маслиҳати кори эшон омадам. Биё гуфтаи маро қабул бикун, духтари худро ба писари мақтули писарат бидеҳ ва хоҳари ӯро ба писари худ бигир ва илло қасосу адоват аз миёни эшон модомулҳаёт бартараф нахоҳад шуд.

Ҳурчин аз ин гуфтаи Ҳотам завқи аҷибе карда таҳсину офарин гуфт.
Дарҳол ҳамаи ҷинони оламро ҷамъ карда, ба чандин шодӣ ҳар ду духтарро ба хостгорони эшон дода, сулҳи аҷибе дар миёни онҳо воқеъ гардониданд.

Баъд аз он Ҳурчин гуфт:
— Эй одамизод, барои ин некӣ талаб аз ман чӣ талабӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, ман ин корҳоро ба ризои Аллоҳ кардаам, барои некӣ аз касе чизе нахоҳам гирифт.

Ҳурчин гуфт:
— Эй азиз, донистам, ки аз касе чизе намегирӣ, боре ин асову мӯҳраи маро бигир, шояд, ки дар ҷое туро ба кор ояд, хусусан дар пиёдагардӣ хизмати аспро хоҳад кард. Хосияти ин мӯҳра зиёда бисёр аст. Аввал он ки ба дорандаи ин мӯҳра заҳри мор таъсир намекунад; дуввум он ки сӯзиши оташ таъсир намекунад; сейум он ки дорандаи ин ба дарё ғарқ намешавад; чаҳорум он ки сеҳри соҳирон ва макри маккорон таъсир намекунад; панҷум он ки бар болои дарё андозӣ, пул мешавад. Хусусан заҳри мори сурх таъсир намекунад.

Вай боз гуфт:
— Эй одамизод, ҳангоме ки мори сурҳу сафед ва сиёҳу сабз дар назари ту дароянд, бояд, ки ин мӯҳраро ба даҳони худ бигирӣ, ҳеҷ осебе ва захме аз онҳо бар ту нахоҳад расид; шашӯм он ки ба даҳони худ дорӣ, ташнагӣ аз ту дур хоҳад шуд.

Алкисса, Ҳотам асову мӯҳраро аз шоҳи ҷинон гирифта, ба ҷониби Мозандарон равона шуд. Баъд аз чанд вақт ба ҷое расида, дид, ки дарёи азиме мавҷзанон меравад

пешина
аз 269
навбатӣ