Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

ва садои мавҷу ғурриши он сар то сари биёбонро гирифта буд.

Ҳотам мутаҳайир шуда, ба ҳар тараф медавид ва илоҷи гузаштан намеёфт.

Ногоҳ ба хотираш асои Хурчин расид.

Дарҳол асои Хурчинро бар болои дарё андохта ва бар миёни он савор шуда мерафт. Ҳангоме ки дар миёни дарё расид, аз зери дарё наҳанги азиме пайдо шуда Ҳотамро бо он асо фурӯ бурд ва дар зери дарё даркашид. Миқдори ҳафт фарсанг роҳ рафта, дар ҷое расид ва он замон Ҳотамро аз шиками худ берун карда дар он ҷо гузошт ва гуфт:

— Эй одамизод, туро дар ин ҷо аз барои ин овардаам, ки ба доди ман бирасӣ.

Ҳотам гуфт:

— Эй маҳлуқ, туро чӣ матлаб аст?

Гуфт:

— Ин ҷо макони ман буд, муддатест, ки ин маконро Саратон ном наҳанге аз ман ба зулму ҷабр гирифтааст. Бояд ки ин маконро аз он бедодгар гирифта бидиҳӣ ва зулми ӯро аз сари ман дур кунӣ.

Ҳотам гуфт:

— Эй маҳлуқ, магар зӯри ту ба ӯ намерасад?

Наҳанг гуфт:

— Агар хоҳад, ки маро нобуд созад, дар миёни миқроз гирифта ду пора мекунад.

Ҳотам гуфт:

— Ӯ дар куҷост?

Наҳанг гуфт:

— Барои озуқа рафта, ҳамин замон хоҳад омад.

Дар ин гуфтугӯ буданд, ки он наҳанги Саратон расида омад ва наҳанги соҳиби макон гурехта дар ҷое пинҳон шуд.

Ҳотам дид, ки ду дандони ӯ ба монандӣ миқроз ва чун манораи сар бар фалак кашида дароз. Агар кӯҳи оҳанро дар зери он дандонҳо гирад, ҳамчу тӯтиё гард-гард хоҳад шуд.

Ҳотам гуфт: «Ҳақ ба ҷониби он бечора будааст». Тарсу ваҳме дар дили Ҳотам пайдо шуд ва гуфт: «Илоҳо, маро аз ин балои зердастӣ наҷот деҳ».

Дарҳол Ҳотам асои Хурчинро ба ҷониби он дароз кард ва он наҳанг он асоро дида истода шуд.

Ҳотам ба ҷониби Саратон нигоҳе карда гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ