Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй маҳлуқ, чаро соҳиби ин маконро ранҷонида макон аз вай гирифтай?
Наҳанг гуфт:
— Эй бузург, ману ӯ ба ин макон шарикем ва ӯро чӣ лозим ки ин ҳама мубоҳиса кунад?
Ҳотам гуфт:
— Эй маҳлуқ, ману ту аз офариниши худоем. Худой кай раво дорад, ки маҳлуқ ба маҳлуқ зарар расонад. Магар туро тарсе аз худо нест, ки ватан аз он бечора ситуда ӯро бадарқа кардай?
Саратон гуфт:
— Алҳол ба хотири ту бигузоштам, баъд аз ин замон туро аз куҷо хоҳад ёфт? Пас ӯро дар даруни ин дарё будан аст ва моро бо ӯ кор аст.
Ҳотам гуфт:
— Эй Саратон, магар ту муфсид¹ ва золимӣ ва аз тарси худо дар дил ҳеҷ надорӣ? Биё ба хубии хуб аз баҳри ин макон гузар ва илло туро ба ҳамин асо зада дар барзахи дӯзах хоҳам фиристод.
Он наҳанг гуфт:
— Аз ин макон нахоҳам рафт.
Ва инро гуфта, ба ҷониби Ҳотам хез карда мехост, ки дар миёни микрози дандон гирифта пора-пора созад.
Аз вай пештар Ҳотам хез карда, бо асои Хурчин чунон зад, ки ғулғулаи садои ӯ то ба тахти Сурайё рафт ва он наҳанги Саратон аз зарби дасти Ҳотам беҳушу ёд аз ин макон гурехта бадар рафт ва дар қаъри дарё нопадид шуд.

Эй забардасти зеридастозор
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ
Мурданат бех, ки мардумозорӣ.

Алқисса, чун соҳиби макон дид, ки Саратонро тоқати ҳарб намонда гирехта меравад, хост, ки аз таоқуби ӯ рафта захме дар бадани ӯ андозад.
Ҳотам бонг бар ӯ зада гуфт:
— Эй номурод, акнун бо ӯ чӣ кор дорӣ, минбаъд ба ҷониби макони ту нахоҳад омад. Агар ту ӯро меранҷонӣ, ман туро аз ҷон сер хоҳам намуд.
Ва макони ӯро ба худи ӯ супорида, ба асои Хурчин савор шуд ва бо андак ҳаракат аз қаъри дарё ба лаби об

¹ Муфсид — бадтинат, зараркор.

пешина
аз 269
навбатӣ