Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

баромад ва роҳи Мозандаронро гирифта равона шуд.

Дар арзи роҳ ба ҷое расида дид, ки дарахти азиме сар бар фалак кашида ва дар зери он дарахт бинишаст. Ва озуқӣ резае аз миён бароварда тановул намуд ва бо худ фикр кард, ки ба кадом тадбир ҷонвари парӣ ба даст-и ман ояд.

Дар ин ҳин ҷонварон аз чарогоҳи худҳо гашта ома-данд ва бо якдигар мегуфтанд ки:
— Одамизоде дар ин макон омада нишастааст.
Ва яке аз онҳо гуфт, ки:
— Ин одамизодро Ҳотам бинни Қаҳлон мегӯянд.
Яке аз онҳо гуфт:
— Маслиҳат: ин одамизодро чӣ бояд кард?
Дигаре аз онҳо гуфт:
— Ин ҷавони некӯкор аст, нашояд ки аз моён маҳрум гардад.

Пас ҳамаи ҷонварон ба як ҷо ҷамъ шуданд ва дар наз-ди Ҳотам ба қонуни худҳо саф кашиданд.

Чун Ҳотам ба сурати ҳар яке мушоҳида мекард, ме-гуфт: «Чӣ қудрати комила аст, ки тани эшон ҳамчун то-вус ба ҳазор ранг метобад ва сари эшон ба монандӣ са-ри паризодон».

Он ҷонварон мегуфтанд, ки:
— Аҷаб Ҳотаме, ба хотири дигаре худро бо ин ҳама ранҷҳову меҳнатҳо андохта гаштааст. Як одамизоде ба духтари Мусахҳари ҷоду ошиқ шуда ва он ҷоду ҷуфти мо-ёнро талаб аз ошиқи он духтар кардааст.

Боз яке аз онҳо гуфт:
— Эй Ҳотам, бинобар аҳде ба макони моён омадӣ?
Ҳотам гуфт:
— Оре, агар ҷуфти шумоён бо ман ҳамроҳ шавад, аз ҷумлаи эҳсони шумоён хоҳад шуд, ин ҳама ранҷу меҳ-нати ман зоеъ нахоҳад шуд ва он ошиқи бечора ба муро-ди худ хоҳад расид.

Алкисса, ҷонварон гуфтанд, ки:
— Калонтари моён унс нахоҳанд гирифт. Як ҷуфт хурдсолро ба ин ҷавонмард бояд дод, ки ба бачагонии хурд-соли эшон унс хоҳад гирифт ва эшон бачагони хурдсол-ро ба монандӣ фарзанд тарбият хоҳанд кард.

Алкисса, бо иттифоқи кулл як ҷӯра хурдсол ба Ҳотам доданд. Ҳотам дуои нек дар ҳаққи онҳо гуфта, бо онҳо видоъ карда, ҳарду ҷонвари париро бағалкунон ба ҷониби Мусахҳари ҷоду равона шуд.

Манзилу мароҳил тай карда, баъд аз чанд вақт ба сари

пешина
аз 269
навбатӣ