Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

манзили ошиқи толиб даррасид ва он ошиқи бечора рӯйҳои худро ба қадамҳои Ҳотам мемолид.

Дарҳол Ҳотамро бо ҳамроҳии он ду ҷонвар гирифта дар назди ҷоду бурдани шуд.

Ҳотам гуфт:
— Эй бародар, аввал худи шумо рафта биёед, баъд аз он ман хоҳам рафт.

Дарҳол он ду ҷонварро бурда дар пеши Мусаххар ниҳод.

Мусаххар гуфт:
— Ин кори ту нест, рост бигӯ, ки инҳоро кӣ овардааст?

Он ҷавон гуфт:
— Эй бузург, инҳоро Ҳотам ном ҷавоне овардааст — ва ҳамаи саргузашти Ҳотамро дар назди Мусаххар як-як баён намуд.

Мусаххар гуфт:
— Акнун мӯҳраи мори сурхро биёрӣ.

Ҷавон гуфт:
— Эй бузург, як бор рӯи духтарро бинамой, баъд аз он аз паи овардани мӯҳра саъӣ хоҳам намуд. Муддати сол аст, ки ин ҳама меҳнатҳо мекашам ва чандин балоҳоро дида, ба чандин уқубат як шарти туро ба ҷо овардаам. Акнун аз паи мӯҳра дар маодини¹ балову офат меравам. Оё зинда меоям ва ё дар он роҳи пурофат ҳалок мешавам.

Дарҳол Мусаххар гуфт:
— Эй мулозимон, духтарро биёред, то он ки ошиқи бечора дида, аз паи шарти дуввум равад ва боиси тоқати ин бечора шавад.

Дар ин гуфтугӯ буданд, ки мулозимон рафта духтарро хабар доданд.

Дарҳол он духтар аз дариҷаи хонаи зарнигор сар бароварда ба ҷониби толиби хеш нигоҳе кард ва гуфт:
— Эй бечора, қора бош!²

Дарҳол он ҷавон аз худ рафта ба замин афтод. Баъд аз соате оҳи сард аз дили пурдард баркашида гуфт, ки:
— Чандон серӣ надидам.

Ҷоду гуфт:
— Аҷаб ҷавони бетоқате зоҳир мешавӣ. Шарти дуввум ва севвумро ба ҷой ор, чӣ миқдор хоҳӣ, бубин.

Дарҳол он ҷавон аз Мусаххар рухсат гирифта, дар

_______________________ 1 Маодин — маъданҳо; маодини балову офат — макони балову офат.
2 Қора бош — ба маънии кӯшиш кун.

пешина
аз 269
навбатӣ