Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

назди Ҳотам омад ва ҳамаи шунидагиҳои худро дар пеши Ҳотам як-як баён намуд.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, хотири худро ҷамъ дор, ба инояти оллоҳ он мӯҳраро хоҳам овард.
Ҳотам макони мӯҳраро эҳтиётан аз Мусаххар пурсида буд. Мусаххар гуфта буд, ки он мӯҳра дар навоҳии кӯҳи Қоф аст.


Алкисса, Ҳотам ба он ҷавон видоъ карда, ба ҷониби кӯҳи Қоф равона шуд.
Манзилу мароҳил тай карда мерафт. Ногоҳ барои қазои ҳоҷат ба ҷое нишаста буд, дид ки каждуме бузурги ҳафтранг, калонии он баробари мург, бо шитоб дар биёбон роҳ меравад.
Ҳотам низ аз таоқуби вай равона шуд ва бо худ мегуфт: «Инчунин каждуми бузург дар ҳеҷ ҷо надида будам, аз таоқуби ин бояд рафт, ки макони ин дар куҷост».
Алкисса, тамомии рӯз роҳ рафта, дар деҳае расид ва он каждум дар зери тахтасанге даромада пинҳон шуд.
Ҳотам низ наздиктари он қарор гирифт ва гуфт: «Боре бинам, имшаб чӣ кор мекунад».
Мардумони он деҳа диданд, ки ҷавони соҳибҷамоле омада дар гӯшае қарор гирифтааст. Дарҳол ҳар кадоми онҳо обу таом оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд.
Чунд шаб шуд, ҳамаи онҳо ба хонаи худҳо рафтанд.
Ҳотам яккаву танҳо дар гӯшае нишаста ин байтро мехонд;

Намози шом шавад, ҳар касе ба хона равад,
Манӣ ки хона надорам, кадом хона равам.

Мардумон чанде аз говону маркабонро дар он майдон баста монда буданд ва чанде аз эшон барои посбонӣ ба атрофи он ҳайвонон мехобиданд. Посе аз шаб гузашта буд, ки ҳамон каждум аз зери санг баромада, ба ҷониби галаву говон хезкунон бар сари ҳар маркабу ҳар ҳайвон неше мезад, дарҳол он маркабу он ҳайвон ба замин афтода ҷон медод.

пешина
аз 269
навбатӣ