Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Алкисса ҳамаи он маркабону говонро неш зада, аз ҷони ширин беҷон кард.
Ҳотам ин ҳама кардаи он каждумро дида даст ба даст мезад ва мегуфт: «Илоҳо, ин ҳама санъат бе амри ту на-хоҳад шуд».
Боз ҳамон каждум дар зери санг даромада пинҳон шуд. Алкиссабоҳ мардумони деҳа омада диданд, ки говону маркабон бо нигаҳбонон ҷони ширин ба ҷонофарин тас-лим намуда ва аз баданҳои эшон заҳроб мерезад ва та-моми гушти бадани онҳоро фурӯ кашидааст.
Мардумон ин ҳолро дида мутаҳайир шуданд ва ме-гуфтанд, ки ғазаби илоҳӣ бар моён нозил шуда, молҳо-ро ҳалок карда, худи моён зинда мондаем.
Ҳотам гуфт:
— Эй ёрон, имшаб аҷаб тамошое дидам, ки дар та-моми умри худ надида будам.
Ва тамомии кардаву кори каждумро ва боиси ҳало-кати говону маркабону посбононро як-як баён кард ва ҳамаи он мардумон дар тааҷҷуб шуданд ва мегуфтанд:
— Инчунин амри аҷибро дар тамоми умри худ нади-да ва нашунида будем.
Дар ҳамин гуфтугӯ буданд, ки каждум аз зери санг баромада хез карда буд, ки ҳамаи он мардумон бесаран-чом шуда истоданд.
Каждум расида бар сари раиси деҳа чунон неш зад, ки дарҳол ҷони ширин ба ҷонофарин таслим намуд.
Аз мардумони он деҳа шӯру ғавғое бархост ва худи он каждум роҳи биёбонро пеш гирифта роҳӣ шуд.
Ҳотам низ пай гирифта, аз таоқуби он каждум раво-на шуд. Тамомии рӯз роҳ рафта, ҳангоми шом наздики шаҳре расид ва он каждум ҳилате карда ба сурати мори сиёҳи пурсалобат шуд.
Ҳотам дар дил мегуфт: «Ин чӣ сир аст, ки чунон буд ва чунин шуд?»
Дарҳол он мор дар сӯрохе даромада аз назар ғоиб шуд.
Ҳотам гуфт: «Дар ин ҷо ҳам бояд истод».
Посӣ аз шаб гузашта буд, ки мор аз сӯрохи барома-да ба ҷониби шаҳр равона шуд. Ҳотам низ аз таоқуб ме-рафт. Ногоҳ рафта-рафта дар зери қасре расида ва аз де-вори он қаср баромада, дохили шаҳр гардид. Кӯчаҳои шаҳрро тай карда, дар зери қасри подшоҳ расид. Аз де-вори қаср гузашта ва дохили ҳарами шоҳ шуда дид, ки шоҳ бар болои тахти мурассаъ хобида. Дарҳол расида дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё