Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

айни хоби ширин шоҳро газида аз ҳарам берун шуд ва дар ҳарами шоҳ шӯре пайдо шуд ва худи он мор ба тарафи дигаре равона шуд.

Ҳотам низ мерафт, ногоҳ рафта дар қасри дигаре дохил шуд ва писари вазирро газида, боз ба ҳамон сӯрохи даромада пинҳон шуд.

Ҳангоми субҳ буд, ки шӯру ғавғои аҷибе аз мардумони шаҳр бархост ва ҳамаи мардумон мегуфтанд, ки подшоҳ ва писари вазир ҳалок шудаанд. Ҳамаи мардумон иттифоқ карда, писари подшоҳро ба ҷояш гузарониданд.

Алкисса, мор аз он сӯрохӣ баромада, ба тарафи дигаре равона шуд. Ҳотам низ аз паи ӯ мерафт.

Ногоҳ ба канори дарё расида, ғалте зада ба сурати шере шуд. Тамомии шаб гузашт, субҳ бидамид, мардумон барои об омаданд ва ҳайвонотро низ барои чаро оварданд. Дарзамон он шер аз ҷангал баромада, чанд одаму чанд ҳайвонро ҳалок карда, ба ҷониби биёбон бадар рафт.

Ҳотам низ аз таокуби ӯ мерафт.

Ногоҳ дар арзи роҳ ғалте зада, ба сурати зани соҳибҷамоли дар синни чаҳордаҳсола шуда, дар зери дарахте бинишаст.

Ҳотам дар гӯшае нишаста тамошо мекард ва мегуфт: «Зиҳӣ қудрати комилаи ӯ ки ҳар махлуқеро ба навъе офарида».

Баногоҳ ду савор ба сари манзили ӯ расиданд. Диданд, ки як ҷавонзани соҳибҷамол дар зери дарахте гиря карда нишастааст. Дарҳол ҳардуи онҳо гуфтанд, ки:
— Эй нозанин, чаро дар ин ҷо нишаста гиря мекунӣ?

Зан гуфт:
— Эй ҷавонон, шавҳари ҷавоне доштам, бо ҳамроҳии ӯ аз хона баромада, ба ҷониби хонаи падари худ мерафтам. Ногоҳ дар ин ҷо расида мехостам, ки аз ин макон бигзарем аз парраи биёбон шере пайдо шуда расид ва шавҳари маро ҳалок кард. Ман гурехта, ба чандин машаққат аз чанги ӯ халос шуда, дар ин ҷо нишастаам ва роҳи рафтан намеёбам, дар ин мақом ҳайронам.

Дарҳол яке аз он ду савор гуфт:
— Эй нозанин, моён бародаронем, яке аз моёнро қабул кун.

Он зан гуфт:
— Қабул дорам ба шарте ки дар хона зан надошта бо-шед, дуюм он ки машаққати хонаро аз ман нахоҳед, сеюм он, ки аз ҳеҷ чиз маро наранҷонед.

пешина
аз 269
навбатӣ