Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз он ду гуфт:
— Эй барно, ман то ба ҳол кадхудо нашудаам, ҳар се шарти туро қабул намудам.
Алқисса, зан калони он дуро ихтиёр намуд.
Дарҳол он занро бардари калони бар пушти аспи худ гирифта, ба ҷониби хонаи худ равона шуд. Порае роҳ рафта буд, ки зан ба шавҳари худ гуфт:
— Эй мушфиқи ҷон, қариб аст, ки аз ғалабаи ташнагӣ ба ҳалокат бирасам, ба ман оби хӯрдан ёфта бидеҳ.
Он ҷавон аз асп фуруд омада ва он занро бо ҳамроҳии бародараш гузошта, барои об рафт.
Зан ба бародари хурдӣ гуфт:
— Дили ман туро мехоҳад, чӣ мешавад, ки маро ба занӣ қабул кунӣ?
Бародари хурдӣ гуфт:
— Акнун ту ба ҷои модари ман шудӣ, инчунин сухани бадро бар ман нагӯй ва туро шайтон аз роҳ баровардааст.
Он зан гуфт:
— Агар маро қабул накунӣ, бар ту тӯҳмат хоҳам намуд ва ба бародарат ин маколотро хоҳам гуфт.
Боз бародари хурдӣ гуфт:
— Ҳарчӣ донӣ дар ҳаққи ман бикун, гуфтаи туро қабул нахоҳам кард.
Дар ин гуфтугӯ буданд, ки бародари калонӣ об ёфта омад. Дарҳол он зан мӯҳои худро канда шӯре бардошт.
Бародари калон гуфт:
— Ин чӣ моҷарост?
Зан гуфт:
— Эй номард, бародари ту маро дастдарозӣ карда, ба хиёнат назар кард ва ман ба чандин уқубату машаққат аз дасти ӯ халосӣ ёфтам.
Он мард дар ғазаб шуда гуфт:
— Эй номард, ҳеҷ кас дар ҳаққи бародари худ инчунин феъли ношоистаро кардааст, ки ту мекунӣ?
Дарҳол он бечора қасам ёд карда гуфт:
— Эй бародар, ин зан маро тӯҳмат карда инчунин бадгӯй мекунад, бояд ки ту қавли ӯро бовар надорӣ.
Бародари калонӣ қавли ӯро қабул накарда, шамшер аз ниём бикашид ва ба сари бародараш чунон зад, ки ба мағзи сараш фурӯ нишаст.
Дар айни талош бародари хурдӣ як ханҷар ба рони калонӣ чунон зад, ки то мағзи устухон фурӯ рафт.
Ҳардуи эшон захмдор шуда, ҳар кадом ба як ҷое афтоданд.

пешина
аз 269
навбатӣ