Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Баъд аз соате ҳарду ҷон ба ҷонофарин супориданд.
Ин ҳолро дида Ҳотам ашки ҳасрат аз дидагони худ фурӯ рехт ва мегуфт: «Ё Оллоҳ, ин чӣ моҷарое буд?»
Дарҳол он зан ғалте зада, ба сурати ҷосусе шуда равона шуд. Ҳотам низ аз таъқуби ӯ равона шуд ва дар дили худ мегуфт: «Боз хонаи кадом бечораро хароб карда бошад?»
Баъд аз чанд вақт қариби деҳае расид. Мардумони он деҳа садди роҳи ӯ шуданд. Хостанд, ки ӯро гирифта бикушанд, чандеро ба лагад зада ва чандеро ба шох зада кушт, боз ба ҷониби биёбон равона шуд.
Ҳотам дар ақиби ӯ буд. Чанд масофа роҳ рафта буданд, ки боз ғалте зада, ба сурати пирамарде шуд.
Ҳотамро тоқат намонда рафта домани пирамардро гирифту гуфт:
— Эй худонотарс, ин чӣ сир аст, ки бар бандагон ва бар ҳайвонот ин ҳама ҷабру ситам мекунӣ ва кардӣ, бояд, ки ҳақиқати ин ҳама кардаву кирдори худро бар ман бигӯӣ.
Пирамард гуфт:
— Эй Ҳотам, бигзор, ки кори ман шитоб аст.
Боз Ҳотам гуфт:
— Эй пири пуртадбир, чӣ донистӣ, ки ман Ҳотамам?
Пир гуфт:
— Эй ҷавон, ҳафт пушти туро ба мураттаб медонам.
Алкисса, Ҳотам ҳамаи дидагиҳои худро аз пири пуртадбир пурсид.
Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, туро ба ин кор чӣ кор, бирав ба кори худ машғул бош, оқибат ин савдо бар сари ту низ хоҳад омад.
Ҳотам гуфт:
— Эй пир, маро пеш аз он огоҳ гардонӣ.
Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, маро, ки мебинӣ, аҷали ҳамаи маҳлуқонам. Чун рӯзи аввал, ки дидӣ, каждуми ҳафтранг будам, ҳукми худованди ҷаҳон буд. Вуҷуди марги подшоҳу писари вазирро сабаб заҳри мор буд, ки ба сурати мор шуда, эшонро ҳалок сохтам. Ба ҳукми илоҳӣ аҷал ба ҳар кӣ расад, ба ҳар сурат шавад, ба ҳамон сурат ҷони ҳама маҳлуқотро қабз намоям.
Ҳотам гуфт:
— Эй пир, бигӯ, аҷали ман ба кадом сурат хоҳад шуд ва маро ба кадом навъ ҳалок хоҳӣ кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё