Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, ҳангоме ки саду панҷоҳсола шавӣ, аз баландии хоҳӣ афтод ва аз димоғи ту хун ҷорӣ хоҳад шуд ва дар он вақт ҷон ба ҷонофарин хоҳӣ супурд. Алҳол умри ту бисёр аст ва ҳар чӣ аз дастат меояд, дар ҳаққи ҳар инсон ва ҳар ҳайвон дареғ мадор.

Дарҳол Ҳотам шукри Худоро ба ҷо оварда сар ба саҷда ниҳод ва зорӣ мекард. Ҳангоме ки аз саҷда сар бардошт аҷалро надод ва аз он ҷо ба ҷониби Кӯҳи Қоф равона шуд.

Чанд моҳ дар ободӣ роҳ рафт ва чанд моҳ дар биёбони қазову қадар саргардон буд. Лаби ташнаву шиками гурусна ба ҳар ҷониб медавид ва гоҳо барги гиёҳ мехӯрдӣ ва гоҳо ба замини регу санг хобидӣ.

Алкисса, муддати чанд рӯз роҳ рафта ба замини сиёҳ расид. Ҳангоми шом буд, ки морони сиёҳ аз ҳар тараф пайдо шуда омада Ҳотамро дар миёна гирифтанд ва қасд ба ҷониби Ҳотам карданд.

Ҳотам дарзамон асои хурцинро ба замин халонида дар зери ӯ бинишаст ва морон гирдогирди Ҳотамро гирифта фаш-фаш мекарданд ва наздик намеомаданд ва тамоми шабро ба ин тариқа гузаронид. Чун рӯз шуд ҳамаи морон ба макони худҳо рафтанд ва шаби дуввум боз ба ҳамон қисм ба гирди Ҳотам ҷамъ шуданд ва қасд ба ҷониби ӯ мекарданд, аммо аз тарси асои хурчин наздикӣ карда наметавонистанд. Шаби дуввум низ гузашт. Алас-сабоҳ аз замини сиёҳ гузашта ба замини сафед расид ва он замин чунон сафед буд, ки ба монандӣ байзаи мург.

Муддати чанд вақт роҳ рафта, аз замини сафед баромад ва ба замини сабз расид. Боз морони он ҷо бӯи Ҳотамро гирифта, ба гирдогирдаш ҷамъ шуданд ва ба ҷониби ӯ нигоҳ карда фаш-фаш мекарданд.

Аллақараз, ба чанди машаққат аз замини сабз баромада, ба замини сурх дохил шуда дид, ки ранги он замин ба монандӣ хун метобад, пой ниҳода равона шуд. Ва он замин чунон гарму сӯзон буд, ки ба шарҳ рост намеояд ва пойҳои Ҳотам обила карданд. Ташнагиву гуруснагӣ ғолиб омада, аз рафтор бозмонд ва ба худ гуфт, ки «ҷои мурдан ҳамин аст ва аз ин ҷо ҷунбидан муяссар нахоҳад шуд». Агар пештар меравам, ҳалок хоҳам шуд. Ба ҳар ҳол аз баргаштан мурдан беҳтар аст». Ин бигуфт, қадам пештар ниҳод, боз як фарсанг роҳ рафт. Аз ҳад афзун ташнагӣ ғолиб омада, бар замин афтод ва аз худ беҳуш шуд. Дар он вақт ба сари манзили Ҳотам пирамарде расид, дасти Ҳотамро гирифта бардошт ва гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ