Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй Ҳотам, чаро муҳраи паризодро ба даҳони худ гирифта ба кори худ машғул намешавӣ?
Дарҳол он муҳраро ба даҳони худ гирифт ва аз хосияти он муҳра даҳонаш сероб шуд.
Ҳотам аз пирамард пурсид, ки:
— Эй бузург, ин гармӣ аз кадом сабаб аст?
Пир гуфт:
— Эй Ҳотам, ин гармӣ аз ҳарорати мори сурх аст ва ӯ заҳри даҳони худ дар ин замин андохтааст ва илло ин замин ҳамеша сабзу хуррам буд.

Алгараз, Ҳотам аз пирамард рухсат гирифта равона шуд, то ба нисфи роҳ рафта дид, ки мори азиме ба монанди кулраи кӯҳе ва сари ӯ ба мисли гунбад, гардан таҳминан яксаду понздаҳ газ. Нек-нек назар кард, ки аз сӯрохи бинии он оташ ба монандӣ кура мерезад. Аммо ҳарорату гармиИ ӯ чунон асар карда буд, ки аз он қариб буд устунҳои Ҳотам сӯхта хокистар шавад, аммо нишони муҳраи сурх зоҳир намешуд. Ҳар замон мори сурх гармии нафас ва шарораи оташ ба сӯи Ҳотам меандохт, Ҳотам асои Хурчинро ба замин халонида, дар зери ӯ нишаста буд ва мори сурх наздик омада наметавонист.

Алкисса, мори сурх ҳар тилисме, ки аз дасташ меомад, кард. Ба ҳеҷ кадом аз тилисмот Ҳотамро нобуд карда натавонист. Дар ин муқаддима шаб гузашта буд. Рӯзи ҷаҳонафрӯз дар ин олами зулмонӣ тулуъ кард ва дар ин ҳангом Ҳотам дар даҳони мор гулулаи сурхе дид. Мор наздик расида ба як ҳамла онро аз даҳони хеш берун андохт.
Ҳотам асои Хурчинро аз замин канда, ба гирди сар дар чарх даровард. Мори сурх аз тарси он асо ба худ мепечид ва муҳраро аз даҳон берун андохта, ба ҷониби макони худ равона шуд. Ҳотам хост, ки наздик рафта муҳраро бигирад, аз таъсири оташи ӯ метарсид.

Алкисса, баъд аз чанд соат ба машаққати бисёре он муҳраро гирифт ва ба дастори худ барбаст. Дарҳол он замин ба асли қадим сабзу хуррам шуд.

Хосияти дигари он муҳра ин буд, ки дар ҳар се соле як муҳра аз шиками ӯ пайдо мешуд ва ҳукамои қадим чунон навишта буданд, ки дар ин муҳра ҳазору як хосият аст.

Билохир Ҳотам он муҳраро гирифта, ба хидмати ошиқи мунтазир даррасид ва он бечора Ҳотамро дида пойбӯсӣ намуд.

Дарҳол Ҳотам муҳраро ба дасти толиб дода гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ