Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Бирав, ин муҳраро ба дасти Мусаххар бидеҳ ва матлуби худро ҳосил кун.
Он ҷавон гуфт:
— Эй Ҳотам, биё бо ман дар назди Мусаххар рафоқат варз.
Ҳотам низ рафоқат карда дар пеши ҷоду рафтанд ва он муҳраро бароварда, дар назди Мусаххар гузоштанд.
Мусаххар гуфт:
— Инро озмоиш бояд кард, ки ин муҳраи мори сурх аст ё не.
Он ҷавон гуфт:
— Ба ҳар тавре, ки дилат мехоҳад, чунон кун.
Дарҳол ба чандин тилисм озмоиш карда фаҳмид, ки муҳраи мори сурх будааст, на чизи дигар.
Боз Мусаххар гуфт:
— Эй ҷавон, як шарти дигар боқӣ мондааст, онро низ ба ҷо орӣ.
Ҷавон гуфт:
— Бифармо, то ӯро ба ҷо орем.

Ҷоду гуфт:
— Эй ҷавон, акнун дар деги равғани ҷӯшон даро.
Ҷавон ба ҷониби Ҳотам нигоҳе карда гуфт:
— Эй бузург, ин корро тадбир ҳаст, ё не?
Ҳотам гуфт:
— Эй Мусаххар, равғану деги худро тайёр кун!
Дарҳол ҷоду ба мулозимони худ фармуд, ки ҳамон кузаи оҳанро пур аз равған карда биёред ва дар ҳамон деги оҳанин андохта шаш шабонарӯз дар зери он оташ карда хуб ҷӯшонед, ба ниҳояте, ки санг афтад дар даруни он об шавад ва он ошиқи бечора ин суханро шунида рангаш ба мисли заъфарон зард гашт ва дар назди Ҳотам омада гуфт:
— Ҷоду чунину чунон мегӯяд.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, ғам махур ва ҳеҷ андеша дар дили худ роҳ мадеҳ ва ин муҳраро ба ту медиҳам, дар даҳони худ гирифта дар деги равғани ҷӯшон даро ва санъати худойро мушоҳида намой, ки ҳаргиз гармии равғану оташ таъсир нахоҳад кард.
Алкисса, ҷавон муҳраро гирифта назди ҷоду рафт ва ҷӯшиши равғанро дида мутаҳайир шуд. Ҳама мардумон ҷамъ шуда омада буданд. Ҷавон ваҳшат хӯрда биистод.

пешина
аз 269
навбатӣ