Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам гуфт;
— Эй номард, чаро истодай? Дами оташи ишқ аст, ки туро дар ин водӣ оварда; хоҳ сӯзӣ ва хоҳ бимонӣ ва як номи нек аз ту дар олам хоҳад монд. Мардон дар ин боб аз ҷон гузаштаанд.
Ҷавон дид, ки Ҳотам ба гӯшаи чашму абру ишорат мекунад, дарҳол он мӯҳраро ба даҳони худ гирифта, чашмҳои худро пӯшонид ва дар деги равғани ҷӯшон даромада, чанд ғута зада ва соате дар даруни ӯ бинишаст, гӯё ки он равған ба монандӣ оби ҳавз дар зимистон бошад.
Ҷоду дид, ки ҷавон саломат ва оташу равған таъсир намекунад, дар андеша афтода ҳарос кашид ва гуфт:
— Эй ҷавон, берун ой.
Дарҳол он бечора аз даруни дарёи оташ берун омад.
Ҷоду дар пайи сеҳр шуд. Чизе хонда ба ҷониби он ҷавон дам меандохт.
Ҳотам гуфт:
— Эй номард, акнун чӣ ҳуҷҷат дорӣ? Ҳар чӣ фармудӣ, он бечора ба ҷо овард. Ба ваъдаи худ вафо накарда, дар пайи сеҳр шудӣ. Ва андеша намекунӣ, мабодо сеҳр ба худи ту муроҷиат кунад, чаро ки он ҷавон мӯҳраи дигар дорад, ин ҳама сеҳрҳои туро манъ хоҳад намуд.
Ҷодуро аз шунидани номи мӯҳра ваҳме дар дил афтод. Дарҳол он ҷавонро дар назди худ талабида, навозиши бисёре кард ва гуфт:
— Ихтиёр мар турост.
Ҳотам фармуд:
— Акнун асбоби кадхудоӣ саранҷом намоед.
Дарҳол он ҷавонро бо Ҳотам дар хонаи худ нигоҳ дошта, аҷиб тӯе ва тамошое бунёд кард, ки Ҳотам ва он ҷавон дида мутаҳайир шуданд.
Духтарро ақд намуда, ба он ҷавон супориданд. Он бечора дар шабистони духтар даромада коми дил ҳосил кард.
Ҳотам бо он ҷавон видоъ карда, ба ҷониби кӯҳи Алқон равона шуд. Манзилу мароҳил тай карда, баъд аз чанд рӯзе ба кӯҳи Алқон расид.
Соате дар он дам гирифта нишаста буд, ки баногоҳ хайли паризодонро гузор аз болои Ҳотам афтод. Ҳотам дид, ки як села париён дар даруни ғор даромада мераванд. Дарҳол шитобон худро ба дари он ғор расонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё