Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Дид, ки роҳи убур кардан1 ва макони пой ниҳодан нест.
Оҳируламр, дароз кашида ба синаи худ роҳ мерафт ва мегуфт: «Он паризодон дар куҷо рафта бошанд?»
Пештар рафта дид, ки қасри олӣ сар ба Сурайё кашида. Наздиктар расида буд, ки чанде аз паризодон хез карда омаданд ва гуфтанд:
— Эй одамизод, ин ҷои ту нест. Туро дар ин ҷо кӣ овард?
Ҳотам гуфт:
— Эй париён, он зоте ки мову шумоёнро халқ кардааст, маро дар ин ҷо овардааст.
Боз гуфт:
— Эй париён, бигуед, ин кӯҳро чӣ ном аст ва ин боғи кист?
Паризодон гуфтанд:
— Ин кӯҳро кӯҳи Алкон мегӯянд ва соҳиби ин маконро Алканпарӣ мегӯянд ва моён нигаҳбонони ин боғем. Фардо Алканпарӣ дар ин ҷо хоҳад омад ва истодани ту дар ин ҷо аз маслиҳат нест, ба ноҳақ кушта хоҳӣ шуд ва моён ин суханро ба ту аз рӯи мурувват мегӯем.
Ҳотам гуфт:
— Ҳар зотеро ҷон даркор бошад, ба ризои оллоҳ хоҳам дод.
Паризодон аз ин гуфтаи Ҳотам завқе карда қарибтар омаданд ва гуфтанд:
— Эй бечора, гардани нарм шамшер нахоҳад буррид, моён туро дар гӯшаи боғ пинҳон кунем, агар завқи дидан дорӣ, маликаро аз гӯшаи ин боғ тамошо хоҳӣ кард.
Ҳотам гуфт:
— Ҳар чизе, ки ба хотири шумоён мерасад, муборак аст.
Рӯзи дуюм буд, ки малика барои сайри боғ бо аркони давлат хиромон сайркунон омада, бар болои тахт бинишаст.
Дарҳол париён Ҳотамро оварда назди сӯроҳе гузоштанд ва гуфтанд:
— Эй одамизод, аз ин сӯроҳӣ маликаро тамошо хоҳӣ кард.
Дарҳол аз он сӯроҳӣ нигоҳ карда Алканпариро дид, ки рӯй ба монандӣ офтоби ховар, аз шаъшааи ҷамолаш олами зулмонӣ мунаввар. Дарсоат аз ҳуш рафта мурдавор афтод.
1 Убур кардан — гузаштан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё