Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз соате ба ҳуш омада, ба ҳусну ҷамоли Алканпарӣ тахсину офарин мекард, матлабҳо аз хотири Ҳотам фаромӯш шуда, дар ҳасрат буд.

Шабе дар хоб дид, ки марди маҳосинсафеде мегӯяд:
— Эй Ҳотам, дар ин ҷо барои чӣ омада будӣ? Бархез, он коре, ки камар бастаӣ, саранҷом бикун, ба амонати касе хиёнат накун.

Дарҳол ларзида аз хоб бедор шуд, ҳеҷ касеро дар назди худ надид.

Ҳотам ба паризодон гуфт:
— Эй нозанинон, маро дар пеши малика баред, ки паёми он ошиқро ба ӯ расонам.

Мулозимон дарҳол ба арзи малика расониданд, ки:
— Эй маликаи олам, дар ин мақом одамизоде омадааст, чӣ ҳукм месозед?

Дарҳол Алканпарӣ дар хотири худ овард: «Шояд ки ҳамон ҷавон омада бошад».

Дарсоат фармуд, ки:
— Эй мулозимон, сару гардани ӯро баста биёред!

Дарзамон мулозимон сару гардани Ҳотамро баста, дар назди малика оварданд.

Вай гуфт:
— Эй мулозимон, сару гардани одамизодро кушода, дар назди ман биёред!

Дарсоат чунин карданд ва бар болои маснади шоҳӣ аз дасти Ҳотам гирифта бинишонд.

Малика пурсид, ки:
— Эй ҷавон, аз куҷоӣ ва чӣ ном дорӣ?

Ҳотам гуфт:
— Эй нозанин, қиссаи ман дуру дароз аст, аз шаҳри Яман, Ҳотам бинни Тай бинни Қаҳлонам.

Малика ин суханро шунида, аз ҷои худ бархост ва аз болои тахт худро ба замин гирифту гуфт:
— Эй Ҳотам, аз забони бузургон шунида будам, ки Ҳотам ном одамизоде ба вуҷуд омада, дар роҳи хайр корҳо хоҳад кард.

Боз гуфт:
— Эй Ҳотам, қадами сафо овардӣ ва ин кулбаи шикастаро равшану мунаввар сохтӣ.

Ва бар болои тахти подшоҳӣ бинишонд ва таому зиёфат фармуд. Аз аҷоиботу ғароиботи дунё гуфтушунид мекарданд.

Малика ба чандин тавозуъ пурсид, ки:
— Эй ҷавон, боиси омадани ту дар ин ҷо чист?

пешина
аз 269
навбатӣ