Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам гуфт:
— Эй малика, авсофи ҳамидаи туро шунида будам, ки отифати ту дар ҳаққи бандагон бекарон аст, ба ҳазор забон шарҳи хубии туро адо наметавонам кард.
Ин гуфта ин байтро мехонд:
Дар олами даҳр як паризод туй,
Хушкомату сарви озод туй,
Мо бандаи лутфу эҳсони туем,
Дар хайли парӣ соҳиби иршод туй.
Алқисса, гуфт:
— Эй малика, банда ба тарафи дашти Ҳумро мерафтам. Дар аснои роҳ бар болои кӯҳ ҷавонеро дидам, дар зери дарахте нишаста ва чашм пӯшида нолаву зорӣ мекард, ки ҷигари санг об мешуд. Оҳи сард аз дили пурдард мекашид ва ин байтро мехонд:
Биё, биё, ки намондаст тоби маҳҷурӣ,
Кашидаем басе дардҳои ранҷурӣ...
Аз он бечора пурсидам ки:
« — Эй ҷавон, ҳоли худро бар ман маълум кун, аз чӣ сабаб ин ҳама нолаву зорӣ мекунӣ?».
Он ҷавон ҳеҷ дам назад.
Боз пурсидам, он бечора гуфт:
« — Муддати ҳафт сол аст, дар ин ҷо бо ин алам гирифторам. Чун ту касон бисёр омада пурсиданд. Илоҷи дарди худро наёфтам, бинобар он дер ҷавоб додам, ки суханро бо касе гӯянд, ки муддао муяссар шавад ва илло чӣ ҳоҷат аст?».
Охируламр, ҳамаи саргузашти худро як-як баён намуд. Ман аҳлу паймон карда гуфтам:
« — Агар ба матлаб восил нагардонам, Ҳотам бинни Тай набуда бошам».
Малика гуфт:
— Дар ҳақиқат он бечора аз хотири ман фаромӯш шуда буд, валекин ба хотири ту ӯро қабул мекунам, аммо бо ӯ мусоҳиб намешавам, чаро ки ӯ муносиби ман нест.
Ҳотам гуфт:
— Чанд вақт мусоҳиб шудед, ӯ муносиби ту буд, акнун чӣ шуд, ки ӯ муносиби ту нашуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё