Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боз гуфт:
— Эй малика, агар ту ӯро қабул накунӣ, обу таоми туро нахӯрам ва дар ин макон ба хорӣ ва ба зорӣ ҷон хоҳам дод. Аммо замони1 ман ба гардани ту хоҳад шуд — ин мегуфт ва ин байтро мехонд:

Раво мадор, ҷавоне бимирад аз ғами ту
Ту ҳам, ҷавониву аз худ умедҳо дорӣ.

Дархол малика фармуд:
— Эй мулозимон, рафта он ҷавонро биёред!
Мулозимон рафта, баъд аз се шабонарӯз он ҷавонро ба хизмати малика оварданд. Валекин барои хотири он ҷавон ҳафт шабонарӯз Ҳотам чизе нахӯрда дар зери дарахте хобида буд. Дар хоби ширин шахсе ба Ҳотам гуфт:
«— Ин париро Алканпарӣ мегӯянд, чӣ ҷавонон дар фироқи ишқи ӯ қолабтиҳӣ шудаанд ва ин парӣ ба як қавл нахоҳад истод».
Боз гуфт:
«— Эй Ҳотам, бояд, ки ҳамон мӯҳраро соида, бо қадаҳи об ба он ҷавон бидиҳӣ ва он ҷавон ғарғара карда даруни об андохта ба ӯ бидиҳад».
Баъд аз ин Ҳотам аз малика илтимос кард, ки ба ин бечора як бор ҷамоли худро нишон бидеҳ.
Малика гуфт:
— Хӯб аст, ӯро биёред.
Дарҳол оварданд. Чашми он бечора низ ба рӯи малика ки афтод, то се шабонарӯз беҳуш шуда афтод. Баъд аз он ба ҳуш омада, чашмони худро аз рӯи малика ҷудо намекард ва малика ба он бечора ҳеҷ илтифот намекард.
Ҳотам мӯҳраи париро ба кадре об соида, ба он ҷавон дод ва он ҷавон ғарғара карда дар косаи об андохт.
Баногоҳ малика об хост. Дарҳол Ҳотам он обро ба дасти малика дод. Аз дасти Ҳотам гирифта, лоҷуръа2 даркашида буд, ки дилаш моил ба он ҷавон шуда аз ишқи ӯ беқарору бетоқат шуд, гӯё сардие дар миён намонда бошад.
Ҳотам аз рӯи мутоиба ба ҷониби малика нигоҳе карда гуфт:

1 Замон — зомини кафил.
2 Лоҷуръа — то қатраи охирин.

пешина
аз 269
навбатӣ