Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ мешавад, ки ба он бечораи ҳиҷронкашида ба лутфу карам илтифот созӣ?
Малик гуфт:
— Эй Ҳотам, дарзамон ба ҳоли худ назар мекунам, ин ҳама фитна дар дили ман ангехтааст, аммо иттисоли1 мо бо ӯ бе иҷозати падар нахоҳад шуд.
Ҳотам гуфт:
— Хуб аст.
Дарҳол малика падару модари худро талабида, дар он мақом ҷашне орост. Падари ӯ ба Ҳотам дар як ҷо мусоҳиб шуда аҳволпурсӣ кард. Ҳотам таъзими ӯро ба ҷо оварда, ҳамаи саргузашти худро дар пеши ӯ як-як баён намуд.

Падари Алканпарӣ ба ин ҳама корҳои Ҳотам таҳсину офарин гуфт ва ҷамъи париён ва акобирону сарҳангонро талабида, ба чандин тамошову сурур духтарро ақд карда, ба он ҷавон супориданд. Ва он ошиқи бечора дар шабистони Алканпарӣ даромада коми дил ҳосил кард.
Ҳамаи он париён Ҳотамро меҳмондорӣ карда хушҳол сохтанд. Баъд аз ҳафт рӯз Ҳотам аз ҳамаи онҳо рухсат гирифта ба ҷониби дашти Ҳумро равона шуд.

Чанде аз паризодонро малика фармуд, ки Ҳотамро ба кӯҳи Ҳумро бурда гузоранд. Дарсоат паризодон Ҳотамро бар дӯши худҳо бардошта ба ҳадди кӯҳи Хумро бурда гузоштанд.
Дарзамон овозе ба гӯши Ҳотам расид:

Ҳар кӣ бадӣ кард ба бад ёр шуд,
Ҳам ба бади хеш гирифтор шуд.

Ҳотам гуфт:
— Эй париён, маро дар ин ҷо корест.
Онҳо гуфтанд:
— Хуб аст.
Ҳотам аз паризодон ҷудо шуда, аз паи он овоз роҳӣ шуд. Дар ҷое расида дид, ки дарахти азиме сар бар фалак кашида ва дар шохи он дарахт пирамардеро дар қафас андохта овезон гузоштаанд. Ва он пир бар шохи дарахт ва дар даруни қафас ин байт хонда нишастааст.
Ҳотам гуфт:

1 Иттисол — васл, ҷуфт шудан.

пешина
аз 269
навбатӣ