Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй пир, ба кадом сабаб ин каломи дилсӯзро гуфта, дар даруни ин қафас овоз мекунӣ?
Пир гуфт:
— Эй ҷавон, аз аҳволи ман чизе мапурс, агар мепурсӣ бо ман аҳде кун, то ман аҳволи худро бо ту арза намоям ва илло ба роҳи омадаи худ бирав!
Хотам гуфт:
— Эй пир, қасам ба ягонагии ҳақ ки ба доди ту бирасам.
Пир гуфт:
— Эй ҷавон, асли ман савдогар будам ва номи ман Ҳумро буд. Чун ба ҳадди балоғат расидам, дар ин навоҳӣ падарам ба номи ман шаҳре бино карда, худи ӯ ба нияти тиҷорат бозрафт ва мани ноаҳл ба андак вақт ҳамаи молҳоро исроф намудам ва аҳвол парешон шуд.
Билохир дар ёфтани зарҳои мадфунаи¹ падар шу-да, тараддуди бисёре кардам, ба ҳеҷ ваҷҳ ба даст наомад ва падарам дар он сафар вафот ёфт.
Баъд аз чанд муддат ҷавонеро ёфтам, ӯ мегӯяд, ки касеро хазина гум шуда бошад, аз рӯи ҳикмат пайдо карда медиҳам ва ман дар назди ӯ рафтам. Аҳволи худро ба ӯ гуфтам.
Ӯ гуфт:
— Ба шарте, ки ҷаҳоряки он зари гумшударо бар ман бидиҳӣ.
Ман ҳам қабул карда, он ҷавонро дар хонаи худ овардам. Дарҳол аз рӯи ҳикмату фаросат ҳамаи он зарҳоро ёфта бар ман дод ва ман дидам, ки зар бе-шумор — аз қавли худ баргаштам ва нуқси аҳд кардам.
Соате хомӯш монд, баъд аз соате бар ман муболиға кард. Ду-се мушт зада, аз хона берун кардам ва он ҷавон ноумед шуда бадар рафт.
Баъд аз дувоздаҳ рӯз он ҷавон омада роҳи хизмат пеш гирифт. Чанд муддат бо ман ҳамроҳ буд. Ман ҳам ӯро хуб медидам.
Рӯзе гуфт, ки:
— Як ҳунаре дорам: дар ҳар ҷое зару ганҷи гӯр-карда бошад, дар назари ман даромада бар ман маълум хоҳад шуд.
Ман гуфтам:
— Ин ҳикматро бар ман биёмӯзон.
¹Мадфуна — гӯр кардашуда, пинҳон кардашуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё