Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҷавон гуфт:
— Худ илме намебошад. Як таркиби сурма ҳаст, ҳар ки дар чашм кашад, ба тамоми зар у ганҷи зери заминӣ ро мебинад.
Ман гуфтам:
— Чӣ шавад, ки аз он сурма дар чашми ман ҳам кашӣ?
Ҷавон гуфт:
— Хуб аст.
Алкисса, ҳарду рӯ ба саҳро ниҳода, дар зери дарахте расида бинишастем. Дарҳол сурмае аз кисаи худ бароварда, андаке дар чашми ман кашид. Дарзамон ҳарду чашми ман кӯр шуда, аз дидан бозмондам.
Гуфтам:
— Эй бародар, чӣ коре буд, ки дар ҳаққи ман кардӣ?
Ӯ гуфт:
— Сазои бадаҳдӣ ҳамин аст. Агар мехоҳӣ ки чашми ту равшан шавад, дар ин қафас даромада бинишин ва мисли зоғон фарёд кун ва нидо бихон:
Ҳар кӣ бадӣ кард ба бад ёр шуд,
Ҳам ба бади хеш гирифтор шуд.
Маро дар ин қафас андохта бар шохи ин дарахт овехт.
Боз гуфтам:
— Эй ҷавон, маро дар ин ҳол андохтӣ, Худоро чӣ ҷавоб хоҳӣ дод?
Ҷавон гуфт:
— Он замоне, ки Худоро дар миён андохта аҳд кардӣ, боз он аҳдро шикастӣ, ин интиқоми нуқси ҳамон аҳд хоҳад шуд.
Охируламр гуфтам:
— Тавба кардам.
Он ҷавон гуфт:
— Бош то вақте ки як ҷавоне омада, гиёҳе аз дашт оварда, дар чашми ту бикашад, чашмҳои ту равшан хоҳад шуд.
Ҳотам гуфт:
— Чанд вақт шуд?
Он пир гуфт:
— Надонистам.
Ҳотам боз гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё