Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ гуна дар ин ҷо зинда мондӣ ва қути худро аз куҷо мехӯрӣ?
Пир гуфт:
— Қути маро Худои таоло аз ғайб мерасонад.
Дарҳол Ҳотам гуфт:
— Эй бечора, хотири худро ҷамъ дор, ман рафта ҳамон гиёҳро хоҳам овард. Ин гуфта рӯ ба роҳ ниҳод ва баъд аз чанд вақт он гиёҳро оварда, дар чашми пир кашид. Чашмҳои ӯ равшану мунаввар шуд ва он пир аз ҷои худ бархост ва дар зери қадами Ҳотам афтод.

Баъдаҳу Ҳотам бо он пир видоъ карда, ба ҷониби Ҳуснобод роҳӣ шуд. Манзилу мароҳил тай карда, дар шаҳри Ҳуснобод дохил шуд ва дар корвонсаро даромада, шаҳзодаро мулоқот кард ва ҳамаи саргузашти худро дар назди шаҳзода як-як баён намуд.
Алкисса Ҳотам бо шаҳзода ба дари қасри малика омаданд.

Дарҳол малика хабар ёфта, дар паси парда бинишаст ва Ҳотамро бо шаҳзода андарун талабида гуфт:
— Эй Ҳотам, ҳамаи саргузашти худро баён соз!
Дарҳол Ҳотам ҳамаи дидаву кардаи худро дар назди малика як-як арза намуд.
Малика гуфт:
— Рост гуфтӣ.
Ҳотам гуфт:
— Эй малика, акнун саволи чаҳорӯмро бифармо, то ба талаби ҷавоби ӯ кӯшам.
Малика гуфт:
— Эй Ҳотам, шахсе ба дарвозаи худ навишта ки: «Ростгӯро ҳамеша роҳат дар пеш аст».
Байт:

Ростӣ овар, ки шавӣ растагор.
Ростӣ аз ту, зафар аз кирдигор.

Мазмуни ин суханро ба зудӣ ёфта биёр, ки рост гуфта, чӣ роҳат ёфтааст?

САФАРИ ЧОРӮМ

Ҳотам аз қасри малика баромада, ба ҷониби биёбон равона шуд. Баъд аз чанд вақт дар зери кӯҳе расида, гузораш ба сарчашмаи обе афтод. Дид, ки тамоми

пешина
аз 269
навбатӣ