Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
оби он чашма ба монанди хун фаввора кашида меравад. Мутаҳаййир шуд ва гуфт: «Ин қисм обро ҳеҷ надида будам». Ин гуфта болорӯяи он об равона шуд, расида дид, ки дарахти азиме сар бар фалак кашида.
Аз болои он дарахт оби сурх ба монанди хун мерезад.
Нек назар карда дид, ки бар шоҳҳои он дарахт сарҳои одамиро бурида овехтаанд.
Соате дар он ҷо бинишаст. Дар он ҳин ҳамаи сарҳо қоҳ-қоҳ дар ханда даромаданд. Ҳотам мутаҳаййир шуда гуфт: «Ҳақиқати ин сирро аз кӣ пурсам?».
Болотар нигоҳ кард, ки як сар аз ҳамаи сарҳо муқаддамтар. Ошиқу фирефтаи ӯ шуд, беҳуш афтод. Баъд аз соате ба ҳуш омада, дар фикр шуд: «Чунин нозанинеро сар буридаанд ва агар ба ҷое расида, ин ҳодисаро нақл кунам, шунавандагон аз ҳақиқати ин пурсанд, чӣ ҷавоб хоҳам дод? Пас, чанд рӯзе дар ин ҷо бошам, шояд, ки ҳақиқати ин сир бар мо маълум шавад».
Чун тамоми рӯзро ба фикр гузаронд ва шаб бар сари даст даромад, дид, ки он сарҳо аз шохҳои дарахт ҷудо шуда, дар толоб афтода фурӯ рафтанд. Ва дар миёни толод нишемане буд. Ногоҳ он нозанин аз толоб баромада, бар нишеман дохил шуда, бар болои тахти подшоҳӣ бинишаст ва дигарон бар болои курсиҳои заррин биншастанд. Ҳотам аз дидани он нозанин боз беҳуш шуда афтод. Баъд аз соате ба ҳуш омада дид, ки ҳамаи нозанинон завқу тамошо карда нишастаанд. Ҳангоми ними шаб буд, ки чандин қисми таоми лазиз оварда, дар назди Ҳотам гузоштанд ва гуфтанд:
— Эй мусофир, ин ҳама таомҳоро малика ба ту
фиристодааст.
Ҳотам гуфт:
— Эй мулозимон, маликаи шумоёнро чӣ ном аст?
Мулозимон гуфтанд:
— Туро бо ин кор чӣ кор?
Ҳотам гуфт:
— Эй ходимон, то номи маликаро нагӯед, таомро
нахоҳам хӯрд.
Мулозимон омада ба малика гуфтанд.
Малика гуфт:
— Рафта бигӯед, аввал таом бихӯрад, баъд аз он ном хоҳам гуфт:
Мулозимон омада гуфтанд:
— Эй ҷавони мусофир, малика чунин ва чунон мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё