Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ноҷор ба хӯрдани таом муқайид шуд, баъд аз фароғи таом гуфт:
— Эй мулозимон, акнун номи маликаи хешро баргуед.
Мулозимон гуфтанд:
— Эй ҷавон, фардо хоҳем гуфт.
Ҳотам хост ки яке онҳоро бигирад, дарҳол дар зери толоб ғӯтае зада рафтанд, ва баъд аз соате аз об берун омада, рӯ ба рӯи малика даст баста истоданд. Шаб гузашта хуршеди ҷаҳонафрӯз ба ин олами зулмонӣ тулӯъ карда буд, ки он нозанини тахтнишин бо ҳамроҳии он ходимон дар зери об ғӯта зада рафтанд. Баъд аз соате ҳамаи он сарҳо аз танҳои хеш ҷудо шуда, аз зери об берун шуданд ва дар шохҳои дарахт ба монандӣ рӯзи аввал овезон гардиданд. Баъд аз соате ҳамаи он сарҳо ба дастури собиқ қоҳ-қоҳ дар ханда шуданд. Рӯз гузашт. Чун шаб бар сари чанг даромад, боз ҳамон сарҳо аз шохҳои дарахт ҷудо шуда, дар зери толоб фурӯ рафтанд.
Баъд аз соате ҳамаи он сарҳо ба ҷасади худҳо пайваста аз он толоб берун шуданд ва он нозанин бар болои тахт нишаста, дигарон рӯ ба рӯи ӯ даст баста истоданд.
Ҳотам дар дил гуфт: «Имшаб ҳақиқати кори эшон маълум хоҳад шуд».
Чун посе аз шаб гузашта буд, дар пеши он нозанин чандин қисм таом оварда ниҳоданд. Он нозанин бо тобеон ба хӯрдани таом муқайид шуд ва як хони пур аз таом дар назди Ҳотам фиристод. Мулозим оварда таомро дар назди Ҳотам гузошта буд, ки Ҳотам гуфт:
— Эй дилрабо, акнун ваъдаро вафо кун, то таоми туро бихӯрам.
Дарҳол он дилбар омада ба маликаи худ гуфт:
— Он ҷавон мегӯяд, ки то номи маликаро нагӯй, таом нахоҳам хӯрд.
Малика гуфт:
— Баъд аз фароғи таом номи хеш хоҳам гуфт.
Он мулозим омада гуфт:
— Эй ҷавон, баъд аз фароғи таом номи он дилором хоҳӣ шунид.
Ҳотам хост, ки даст гирад, боз ба ҳамон толоб ғӯта зада, аз зери нишеман баромада, рӯ ба рӯи малика даст баста истод.
Ҳотам низ худро дар толоб андохта фурӯ рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё