Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз соате пойҳои ӯ бар замин расид. Чашм кушода дид, ки не толоб ва не он тахт ва не он нозанинон — дар як саҳрое афтодааст. Оҳи сард аз дили пурдард мекашид. Зор-зор чун абри навбаҳор мегирист ва дар он саҳро девонавор мегашт.

Алқисса, муддати ҳафт шабонарӯз дар биёбон ҳайрону сарсон медавид. Дар он ҳин Хоҷаи Хизр ба сарвақти Ҳотам расиданд. Дидан ҳамоно Ҳотам давида омада, дар зери қадами эшон афтод. Эшон дасти Ҳотамро гирифта гуфтанд:

— Эй ҷавон, дар ин саҳрои ҳирсу ҷоду чӣ кор мекунӣ ва аз барои чӣ кор дар ин ҷо омадӣ?

Ҳотам гуфт:

— Ё бузургвор, ба коре мерафтам, ба ҷое расида воқеаи аҷибе дидам...

Ва ҳамаи дидагиҳои худро ба хизмати эшон арза намуд.

Эшон гуфтанд:

— Эй Ҳотам, худро дар миёни толоб андохтӣ ва он толобу он дарахт тилисмот буд ва аз он ҷо то бар он толоб чаҳорсад фарсанг роҳ аст.

Ҳотам аз шунидани ин сухан худро дар хоки мазаллат андохта зор-зор чун абри навбаҳор гиря мекард ва мегуфт:

— Эй азиз, ба муроди худ норасида, дар ин биёбон ҷон хоҳам дод.

Эшон пурсиданд, ки:

— Муроди ту чист?

Ҳотам гуфт:

— Муроди ман ин ки боз дар ҳамон толоб бирасам.

Эшон гуфтанд:

— Асои маро бигир ва чашми худро бипӯш.

Дарҳол Ҳотам чашмҳои худро пӯшонид ва асои мубораки эшонро гирифт.

Баъд аз замоне чашм кушода, худро бар сари он толоб дид. Ин чӣ сир аст, гуфта ба ҷониби сарҳо назар мекард. Хусусан сари Маликаро дида афсус мехӯрд. Хост, ки бар болои дарахт баромада, сари он нозанинро кушода бигирад, дарҳол ду дасти Ҳотам бар танаи он дарахт часпид. Ба машаққати бисёре дастҳои худро аз танаи он дарахт ҷудо кард. Болорӯяи дарахт равона шуд ва дар миёнаҷой расида буд, ки дарҳол садои таракко-турук пайдо шуд. Дар лаҳза он дарахт таркида

пешина
аз 269
навбатӣ