Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотамро фурӯ кашидан гирифт. То камар фурӯ рафт, тарсе дар дили Ҳотам пайдо шуд ва гуфт: «Ин чӣ балое буд, ки пеш омад?» Ҳарчанд зӯр карда берун мекашид, дарунтар мерафт.
Алкисса, дар байни он дарахт чунон ҷой шуд, ки ҳеҷ нишоне ва асаре аз ӯ нанамуд.
Ҳамон замон ҳазрати Ҳизр ба сари вақти Ҳотам расида гуфтанд:
— Эй ҷавон, худро ба ин бало чаро мубтало кардӣ, магар аз ҳаёти худ сер шудаӣ?
Ҳотамро ҳол дигаргун буд, ҷавоб надод.
Дарзамон Ҳизр алайҳиссалом ба асои муборак он дарахтро чунон заданд, ки он дарахт ҳамчун мум гашт. Даст дароз карда Ҳотамро аз даруни он дарахт кашида гирифтанд. Баъд аз дере Ҳотам ба худ омад. Эшон гуфтанд:
— Эй Ҳотам, туро бо ин сарҳо чӣ кор аст, худро дар балоҳо меандозӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй бузургвор, воқеаи ин сар маълуми ман шавад. Ва бо ин сари нозанин дил додаам, хоҳ одамӣ бошад ва хоҳ парӣ, дар қайди никоҳи худ дарорам.
Эшон гуфтанд:
— Эй Ҳотам, бидон ва огоҳ бош, ин сари нозанинро, ки мебинӣ, сари духтари Соми Аҳмари ҷодуст: дигарон хизматгорони ӯ. Ва маскани падару модари ӯ дар саҳрои кӯҳи Аҳмар аст.
Ҳотам гуфт:
— Ё бузургвор, чаро сарҳои эшон аз танаҳои хеш ҷудо шуда чунин мешаванд?
Эшон гуфтанд:
— Эй Ҳотам огоҳ бош, рӯзе духтари Аҳмар ба падари хеш гуфт ки:
— Эй падар, ба балоғат расидаам, бояд ки маро ба шавҳар бидиҳӣ.
— Аҳмари ҷоду аз шунидани ин сухани духтар дар ғазаб даромада тилисмме сохта, аз он рӯз то ба имрӯз духтарро бо ходимонаш ба ин бало мубтало гардонидааст. Аз ин ҷо то ба макони ҷоду сад фарсанг роҳ аст, аммо аз қуввати сеҳр аз ин ҷо то ба он ҷо дар як рӯз мерасад, ва ӯ алҳол зиндааст ва ба даст афтодани ин духтар мушкил аст.
Ҳотам аз эшон ин суханро шунида гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё