Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Э бузургвор, маълум шуд, ки марги ман дар ҳамин ҷо будааст.
Эшон гуфтанд:
— Эй Ҳотам, ҳанӯз умри ту дароз аст, агар рағбати духтари ҷоду дорӣ, худро ба ин бало андоз, вагарна баргард, ки дар ин роҳ хатар бисёр аст.
Ҳотам гуфт:
— Э бузургвор, даст аз ҷон шустаам ва аз баҳри ҳамаи чизҳо гузаштаам.

Даст аз талаб надорам то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.

Алқисса, Ҳотам гуфт:
— Э бузургвор, аз баҳри ҷон гузаштаам, ҳарчи бодо бод, то ин нозанин ба даст надарояд, аз ин роҳ бознагардам.
Ҳазрати Хизр гуфтанд:
— Муроди ту чист?
Ҳотам гуфт:
— Мехоҳам ки сари ман дар баробари сарҳои эшон шуда, мусоҳиби ӯ бошам.
Ҳазрати Хизр гуфтанд:
— Парешон хоҳӣ шуд.
Ҳотам гуфт:
— Ҳарчи муқаддароти ман бошад, онро хоҳам дид.
Дарҳол асои муборак бар дарахт зада, аз назари Ҳотам ғоиб шуданд.
Дар он ҳин сари Ҳотам аз танааш ҷудо шуда бар шоҳи дарахт овезон шуд ва танааш дар толоб фурӯ рафт.
Ғирев аз ҳамаи сарҳо баромад, гӯё ки олам зери забар шуда бошад ва мегуфтанд:
— Ин ҷавон ҳам дар тилисмоти ҷоду гирифтор шуд.
Чун рӯз гузашта шаб расид, ҳамаи сарҳо бо сари Ҳотам дар толоб афтоданд. Баъд аз соате ҳама аз толоб баромада, ба дастури собиқ ба ҷои худҳо истода шуданд.
Ҳотам низ дар гӯшаи рӯ ба рӯи малика даст ба сина истод. Чун посе аз шаб гузашта буд, ки чандин қисм таом оварда дар назди малика гузоштанд.
Дарҳол малика дасти Ҳотамро гирифта, дар назди худ нишонид ва ба хӯрдани таом муқайид шуданд. Баъд

пешина
аз 269
навбатӣ