Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

аз фароғи таом тамоми шабро ба айшу ишрат гузаронда намуданд. Чун рӯз шуд, сари Ҳотам бо он сарҳо дар шохҳои дарахт овехта шуд.

Ба ҳамин тариқа чанд вақт рӯз мурдаву шаб зинда гузашт. Ва боз ҳазрати Хизр ба мадади Ҳотам омаданд.

Дарҳол сари Ҳотамро ба асои муборак аз шохи дарахт гирифтанд ва исми аъзамро хонда дам андохта буданд, ки таркиби Ҳотам ба асли қадим омад.

Ҳотам гуфт:
— Ё бузургвор, ба ҷое расида худро дар бало андохтаам.

Эшон гуфтанд:
— Эй Ҳотам, то падари ин кушта нашавад, ин нозанин ба дасти ту нахоҳад омад.

Ҳотам гуфт:
— Ё бузургвор, акнун қасди куштани падараш хоҳам кард.

Эшон гуфтанд:
— Эй Ҳотам, ба ҳеҷ ваҷҳ он ҷодуро ба даст натавонӣ овардан, магар он чӣ ба ту фармоям ва ба он амал кунӣ ва аз фармудаи ман берун наравӣ, шояд ки муроди ту ҳосил шавад.

Дарҳол Ҳотам дар зери қадами эшон афтода гуфт:
— Иншооллоҳ аз фармудаи шумо берун нахоҳам рафт.

Хизр гуфтанд ки:
— Туро исми аъзам биёмӯзам, бояд, ки одоби онро ба ҷой орӣ.

Шароити исми аъзам бо исми аъзам ба Ҳотам таълим намуданд ва худи эшон аз назари Ҳотам ғоиб шуданд.

Ҳотам ба кӯҳи Ахмар равона шуд.

Баъд аз муддате ба кӯҳи Ахмар расида, дид, ки аҷаб кӯҳи пуршукӯҳу лолазор аст.

Болои кӯҳ баромада хост, ки қадам ниҳода пештар равад, дарҳол сангҳои он кӯҳ қадами Ҳотамро гирифтанд.

Ҳотам дар обу арак ғӯта хӯрда мегуфт: «Ин чӣ сирре буд, ки ҳарчанд қувват мекунам, пеш рафта наметавонам».

Донист, ки ин кӯҳ кӯҳи Ахмар аст.

Дарҳол исми аъзамро хонда дамида буд, ки пояш кушода шуд ва ӯ ба ҷониби болорӯяи он кӯҳ равона

пешина
аз 269
навбатӣ