Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

шуд. Пештар рафта дид, ки чашмаи обе. Дар он чашма ғусл карда ба хондани исми аъзам муқайид шуд. Аз хосияти исми аъзам ҳамаи даррандагону газандагон пароканда шуда, ба ҳар ҷониб рафтанд ва ин хабар ба самъи ҷоду расид, ки ҷонварони сеҳркарда кайҳо аз сеҳр халос шуда ба ҳар ҷониб рафтанд.

Ҷоду пештар ба қуръа дарёфта буд, ки рӯзе Ҳотам ба ин кӯҳ хоҳад омад ва тамоми сеҳрҳоро ботил хоҳад кард.

Дарзамон қуръа андохта дид, ки Ҳотам ба ин кӯҳ омада ва бар сари фалон чашма исми аъзам хонда нишастааст ва дар дил фикр карда мегуфт, ки: «Омадани Ҳотамро дар ин мақом сабаб чӣ бошад?» Боз ба ҷои дигари китоби худ назар карда ёфт, ки Ҳотам ба духтари ӯ ошиқ шуда ба қасди куштани ӯ омадааст. Ҳазрати Хизр исми аъзамро ба ӯ ёд додаанд, ки сеҳри ҳамаи соҳиронро ботил хоҳад кард.

Ҷоду низ ба хондани афсун муқайид шуда, ба чаҳор тарафи худ медамид. Баъд аз соате хайли паризодон дар назди Ҳотам ҳозир шуданд ва дар миёнаи эшон маликаи Зарринпӯш сурохӣ1 ба даст гирифта, ба сӯи Ҳотам нигоҳи муҳаббатомез кард. Дарлаҳза Ҳотам он сабӯро2 аз дасти малика гирифта лоҷуръа даркашид ва беҳуш шуда афтод ва он нозанин боз ба сеҳр худро ба сурати деви сиёҳ карда, дасту пои Ҳотамро барбаст ва бар пушти худ бардошта, дар назди Аҳмари ҷоду овард.

Ҷоду шаклу шамоили Ҳотамро дида гуфт:
— Инчунин ҷавонро куштан аз мурувват дур аст. Аммо чӣ кунам, ки ин маро душман аст.

Мулозимони худро фармуд, ки инро бурда дар ҷоҳи оташин андозед. Дарҳол мулозимон чунин карданд. Гармии оташ ба Ҳотам таъсир накард, чаро ки муҳраи париро дар даҳони худ гирифта буд.

Ҷоду боз ба китобаш назар кард, ки ба Ҳотам ҳеҷ осебе нарасидааст ва ӯ зинда буда, мӯҳраи пари дар даҳон дорад. Ҷоду дар ишқи мӯҳра шуда гуфт, ки:
— Ҳотамро биёред.

Дарзамон шогирдон Ҳотамро оварданд.
Ҷоду фикр карда гуфт, ки «Мӯҳраро аз дасти Хо-

1Сурохӣ — кӯзаи май.
2Сабӯ — кӯза.

пешина
аз 269
навбатӣ