Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Тарм гирифтан маҳол аст, чӣ бояд кард? Магар ба тилисм мӯҳра аз дасти ин гирифта шавад».
Боз фармуд, ки:
— Ҳотамро бурда бар сари ҳамон чашма гузоред ва ба сурати духтар шуда, аз дасташ мӯҳраро гирифта биёред.
Мулозимон дарҳол чунин карданд ва худи ҷоду ба хондани сеҳр муқайид шуд. Баъд аз соате аз қуввати сеҳр ҷамоае паризодон аз суи боғ пайдо шуданд ва маликаи Зарринпӯш дар назди Ҳотам омада гуфт:

— Эй ёри ҷонӣ, туро аз дуртар хоҳам дид. Як бор дар пеши ту омада будам. Падарам деви сиёҳро фиристода туро бурда буд ва дар чоҳи оташ андохта ва маҳбус сохта. Худои таоло аз он балои оташ туро халосӣ дода. Мабодо ки дар пеши ту бинишинам, падарам воқиф шуда сеҳр бикунад. — Ин гуфта нишаст.

Ҳотам даст дароз карда аз банди дасти «малика»
гирифт ва ба суи худ кашид ва зориву таваллоҳо мекард.
Ва он сурати малика гуфт:
— Рост бигӯ, ки маро дӯст медорӣ, ё не?
Ҳотам гуфт:
— Эй малика, ин ҳама ҷонбозиҳо барои ту мекунам.
«Малика» гуфт:
— Ҷони ту дар амони худо бошад, аз ту як чизе мехоҳам, бояд ки ӯро ба ман бидиҳӣ.
Ҳотам гуфт:
— Ҳазор ҷон фидои ту бод, ҳар чизе, ки аз ман талаб намоӣ, аз ту дареғ нахоҳам дошт.
Он сурати сеҳр гуфт:
— Дар назди ту мӯҳрае будааст, ҳамон мӯҳраро бар ман ато намой, то падарам маро аз он ҷо халос созад.

Ҳотамро ҳиммат баландӣ карда гуфт, ки:
— Аз ту азизтар ва дӯсттар касе дар назди ман намебошад.
Хост мӯҳраро бароварда таслим намояд, баногоҳ ҳазрати Хизр бонг ба Ҳотам зада гуфтанд:
— Эй Ҳотам, мӯҳраро аз даст мадеҳ, ки ҷон ба саломат нахоҳӣ бурд.
Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, шумо кистед, ва маро аз додани мӯҳра чаро манъ мекунед?

пешина
аз 269
навбатӣ