Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Эшон гуфтанд:
— Ман ҳамон касам, ки исми аъзамро ба ту омӯхтаам, ин сурат сурати малика нест, балки ин сеҳр аст ва туро фиреб медиҳад. Маликаи Зарринпӯш алҳол дар тилисмоти ҷодуст.

Дарҳол Ҳотам дар зери қадамашон афтод.
Ҳазрати Хизр гуфтанд:
— Эй нодон, ту чӣ андеша карда, ба ин сарчашма нишастаӣ. Агар ҳаёт мехоҳӣ, бесабаб ин муҳраро ба ҳеҷ касе мадеҳ ва исми аъзамро хонда дамидан гир.

Ҳотам пои мубораки эшонро бӯса дода, ба оби он чашма вузуи тоза кард ва ба хондани исми аъзам мукайяд шуд. Дарҳол аҳволи он ҷамоа дигаргун шуда, ларза дар андоми онҳо афтод. Сурати малика бо он сурати паризодон дандон ба дандон мезад, чунон ки садои дандонҳои эшон ба фалак печида, оламро шӯре ва ғавғое пайдо шуда буд. Дарҳол ҳамаи он суратҳо чун ҳезуми хушк даргирифта хокистар шуданд. Ҳотам ин ҳолро дида афсӯс мехӯрд.

Ногоҳ хобаш даррабуд. Дид, ки ҷоду рафта дар неши иблис даромада мегӯяд, ки сеҳрҳои маро фалон ном шахсе исм хонда ботил гардонил.

Иблис Ҳотамро дар ғафлат андохта, эҳтиломе гардонил, то он ки дар ҳини нопокӣ муҳраро аз дасти ӯ бигирад. Ин гуфта ҷодуро хабардор гардонид.

Алкисса, ҷоду вақти худро ғанимат ёфта, дар афсуни сеҳр оғоз кард. Як деве аз замин пайдо шуда, ба ҷониби Ҳотам давида наздик расид.

Ҳотам девро дида дармонда шуд ва гуфт:
«Ман дар хоб олуда шуда ғусл накардаам, чӣ гуна бо ин ҷоду муқобил шавам? Акнун дар ин ҷо кушта хоҳам шуд». Ин гуфта аз ҷони худ умед канд. Дарҳол дев дасти Ҳотамро гирифта, ба пеши Аҳмари ҷоду овард ва ҷоду гуфт: «Агар инро бикушам, муҳра ба даст нахоҳад омад. То ба ихтиёр надиҳад, хосият намедиҳад». Ин суханро гуфта ғуллу занҷир ба гардани Ҳотам андохт ва дар зери тахтасанги азиме биниҳод.

Ҳотам дар он дам лаб фурӯ баста, дар дил тазарруву зорӣ мекард.

Ҷоду боз гуфт, ки ба гардани ин ҳалқа зада бохабар бошед, то он ки муҳраро ба дасти худ бидиҳад.

  1. Эҳтилом — дар хоб нопок шудан.
пешина
аз 269
навбатӣ