Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Алкисса, ҳафт шабонарӯз гуруснаву ташна умр ба сар бурд. Баъдаҳу ҷодувон пурсиданд, ки:
— Эй Ҳотам, чӣ ҳол дорӣ?
Ҳотам ҳеҷ нагуфт.
Боз гуфтанд, ки:
— Эй Ҳотам, мӯҳраро бидеҳ, то туро аз мурдан халос гардонем ва илло ба хории хор ҳалок хоҳӣ шуд.
Ҳотам гуфт:
— Рафта ба Соми Аҳмар гӯед, агар духтари худро ба ман акд карда бидиҳад, мӯҳраро ба ӯ хоҳам дод ва илло не!
Ҷодувон гуфтанд:
— Эй Аҳмар, Ҳотам чунину чунон мегӯяд.
Аҳмар аз шунидани ин сухан дар ғазаб даромад, наздики Ҳотам расид ва гуфт:
— Эй ҷавон, мӯҳра аз ҷони ту азиз нест, мурданро ихтиёр макун!
Ҳарчанд ҷодувон ҳила карданд, мӯҳраро надод. Баъд аз он Ҳотамро бароварда, чунон сангборон карданд, ки ба шарҳ рост намеояд. Ончунон сангҳо заданд, ки агар ба девори пӯлод мезаданд, аз ҳам ҷудо мешуд. Аммо ҳар санге ки назди сари Ҳотам меомад, аз сараш дур меафтод. Чунон ки гирди сари Ҳотам аз сангҳо гунбади баланд монандӣ кӯҳ намудор гашт. Ҳама ҷодугарон ба дил гуфтанд, ки Ҳотам бимурд. Аммо Соми Аҳмар медонист, ки ҳанӯз зиндааст.
Ҷодугарон назди Соми Аҳмар рафта гуфтанд, ки:
— Агар ӯ оҳантан бошад ҳам, ба хок баробар шуда бошад.
Соми Аҳмар гуфт:
— Агар бовар надоред, сангҳоро аз болои ӯ дур карда бибинед.
Ҷодугарон сангҳоро дур карда диданд, ки Ҳотам саломат монда. Ҳайрон шуданд ва боз ба сари рӯи ӯ сангҳо мезаданд. Дучанди собиқ санг заданд. Чун сангҳо боз карданд, диданд, ки зиёне ба Ҳотам нарасидааст.
Соми Аҳмар ба ҷодугарон таъкид намуд, ки даст аз санг задан боздоред ва нигаҳбониҳо ба воқеӣ кунед ва хабардорӣ намоед. — Ин гуфта ба хонаи худ рафт ва дар ҷодуву сеҳри худ машғул шуд.
Ҷодугарон Ҳотамро зери тахтасанги гароне ниҳоданд. Ҳотам аз гуруснагиву ташнагӣ забун шуда буд. Баъд аз соате ба ҷодугарон гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё