Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй азизон! Шумо хосияти ин муҳра бидонед, ки дар чоҳи оташин насухтам ва дар зери сангборон намурдам. Ҳоло он касро муҳра бидиҳам, ки ба сари он чашма, ки нишаста будам, расонад. Аҳмари ҷоду кадом сеҳр буд, ки бар ман накард ва ман аз хосияти ин муҳра дар сеҳр мубтало нашудам. Боз хосиятҳои бисёр дар ин муҳра аст. Агар касе хоҳад, ки Соми Аҳмарро кикушод ва подшоҳии ӯро бигирад, ба воситаи ин муҳра метавонад.

Ҷодугарон ба Ҳотам ҷавоб додан, ки:
— Даркор нест!

ЯК ҷодугар, ки наздиктар нишаста буд, ишораи чашм кард, ин «чун шаб шавад, туро бар чашма барам, муҳраро ба ман хоҳӣ дод?»

Ҳотам низ ба ишораи чашм гуфт: «Беҳтар».

Чун ниме аз шаб гузашт, ҳама ҷодугарон, ки гирди Ҳотам нишаста буданд, ҷобаҷо хуспиданд. Ҳамон ҷодугар бедор монда буд. Оҳиста аз он ҷо бархоста наздики Ҳотам омада гуфт:
— Эй ҷавон, агар бигӯӣ, туро бар он чашма барам.

Ҳотам гуфт, ки:
— Маро тоқат нест, ки аз зери ин санг бароям.

Он ҷодугар гуфт:
— Ман туро берун хоҳам кард.

Боз Ҳотам гуфт:
— Чунин санг аз ту танҳо чӣ гуна бардошта шавад?

Ҷодугар гуфт, ки:
— Ман аз қуввати сеҳр бардорам, — баъда афсун хонда буд, ки ду деви сиёҳ пайдо шуданд ва он тахтасанг, ки чун кӯҳ гарон буд, аз болои синаи Ҳотам бардоштанд.

Ҳотам бархост ва ҳамроҳи он ҷодугар равон шуд. Чун бар он чашма расид, ҷома аз тан бароварда ғусл кард.

Ҷодугар гуфт:
— Эй ҷавон, акнун муҳра ба ман деҳ, ки барои рағбати муҳра туро аз зери санги гарон халос кардаам.

Ҳотам гуфт:
— Эй азиз, чун ту бо ман некӣ кардӣ, ман низ ивази он ба ту хоҳам кард.

Ҷоду гуфт:
— Чӣ иваз хоҳӣ дод?

Ҳотам гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ