Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Эй ҷоду, агар Худо хоҳад Аҳмари ҷодуро кушта подшоҳии ӯро ба ту хоҳам бахшид.

Ҷоду гуфт:
— Маро подшоҳӣ даркор нест, маро мӯҳра ба кор ояд.

Ҳотам гуфт:
— Ин нишонаи дӯст аст, аз худ ҷудо нахоҳам кард.

Боз гуфт:
— Эй ҷоду, барои чӣ мӯҳраро аз ман мехоҳӣ?

Ҷоду гуфт:
— Барои Соми Аҳмар мехоҳам.

Ҳотам гуфт:
— Эй аҳмак, агар барои Худову худ мехостӣ, медодам.

Ҷоду гуфт:
— Худои ман ҷодуи калон аст ва ӯ устоди Соми Аҳмар аст. Баҷуз ҷодуи калон офаридгор кист?

Ҳотам гуфт:
— Эй махлуқи малъун, махлуқро холиқ мегӯӣ, бирав аз пеши ман ва илло туро пора-пора хоҳам намуд.

Ҷоду гуфт:
— Эй Ҳотам, акнун маълум шуд, ки халос шудӣ ва ба таври худ мӯҳраро намедиҳӣ, мӯҳраро аз ту гирифтан мушкил нахоҳад буд. Туро ба ин оби чашма он миқдор ғӯта бидиҳам, ки аз ҷон беҷон шавӣ, биё он мӯҳраро ба хубии хуб ба ман бидеҳ.

Ҳотам гуфт:
— Эй ҷоду, иншоаллоҳ Аҳмари ҷодуро бо устодаш сазовори ҷаҳаннам гардонам. Чун ту бар ман некӣ кардӣ, тавонам туро дар мамлакати ҷодуи калон подшоҳ кард.

Дар ин замон аз хосияти исми аъзам ларза дар андоми ҷоду афтод ва аз назди Ҳотам гурехта, пеши ҷамоаи худ рафт. Тамомии шаб дар миёнаи онҳо хобид.

Чун субҳ шуд, ҷодувон аз хоб бедор шуда, зери тахтасангро диданд, ки Ҳотам ғоиб шуда. Аз тарс хок бар сари худ карда, пеши ҷоду рафтанд ва гуфтанд:
— Он ҷавон аз зери санг ғоиб шудааст.

Аз шунидани ин хабар оҳи сард аз дили пурдарди худ баркашид. Китоби худро дид, ки: Ҳотамро Сармақ аз зери санг раҳо карда ва ӯ бар сари чашма нишастааст.

Дарҳол Аҳмар дарғазаб шуда гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ