Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй Сармақ, чаро ӯро халос намудӣ? Акнун туро зинда нахоҳам гузошт!
Сармак аз ҷон тарсида дар дили худ гуфт, ки аз ин ҷо гурехта назди Ҳотам равам, он чӣ аз сар гузашт, ба ӯ бигӯям, шояд, ки ӯ маро аз ғазаби Ахмар халос созад.
Дарсоат назди Ҳотам омада, воқеаро ба Ҳотам гуфт.
Ҳотам гуфт:
— Эй Сармак ту хотири худро ҷамъ дор, ман ба ту эҳсонҳо хоҳам кард.
Соми Ахмар дид, ки Сармак аз наздаш гурехта рафтааст, дарҳол афсун хонда, ба ҷониби Сармак дамидан гирифт. Сеҳри Ахмар ба Сармак таъсир кард, фарёд баровард:
— Эй Ҳотам, сӯхтам.
Дарҳол Ҳотам исми аъзамро хонда, ба ҷониби Сармак дам андохт. Оташи сеҳри Ахмар ба Сармак таъсир накард.
Сармак гуфт:
— Эй Ҳотам, акнун яке аз мулозимони ту шудам, маро аз офати Соми Ахмар нигоҳ доштӣ.
Ҳотам аз ҷои худ бархоста бо ҳамроҳии Сармак ба ҷониби ҷоду равона шуд.
Соми Ахмар бохабар шуда бо ҷамъи ходимони хеш аз шаҳр берун шуд.
Ҳамаи ҷодувон ба фармони Ахмар ба сеҳр муқайяд шуданд. Чунон ки ба гирдогирди он шаҳр соиқаи раъду барқ пайдо шуда ғирев аз ҳамаи олам баромад.
Сармак гуфт:
— Эй Ҳотам, ин ҳама барқу соиқа аз сеҳри Ахмар аст, бохабар бош!
Ҳотам исми аъзамро хонда, ба ҷониби ҷодувон дам андохтан гирифт. Дарзамон ҳамаи он барқу соиқа бар сари худи ҷодувон расидан гирифт. Ахмар донист, ки Ҳотам сеҳри эшонро рад кардааст. Боз ҷоду сеҳрро ба қисми дигаре хонда буд, ки як кӯҳи азим аз замин баромад хост, ки бар болои сари Ҳотам бияфтад.
Сармак гуфт:
— Ҳотам, хабардор бош, ки ин сеҳри дигар аст! Ҳотам исми аъзамро хонда ба ҷониби он кӯҳ бида-
Соиқаи раъду барқ — гулдурроси раъду барқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё