Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
мид. Он кӯҳ пора-пора шуда, бар сари ҷодувон афтод. Қариб чаҳори ҳазор ҷоду дар зери сангҳои он кӯҳ монда ҷон ба моликони дӯзах супориданд. Ва он санг ҳавола ба ҷониби Аҳмар шуда мехост, ки нарм-нарм ва тард-гард кунад. Ҷоду худро он сӯ кашид ва он санг аз як тарафи сари ӯ гузашта ба замин фурӯ рафт.
Ҳотам қадам пештар ниҳода, ба ҷониби Аҳмар роҳӣ шуд. Ҷоду дид, ки Ҳотам наздик расидааст, сеҳрро ба навъи дигар хонд. Чунон ки аз чаҳор тараф аждаҳорон пайдо шуда, ба ҷониби Ҳотам хез карданд.
Ҳотам дарҳол исми аъзамро хонда дамида буд, ки ҳамаи он аждаҳорон ба ҷониби худи ҷоду ҳавола шуданд.
Ҷоду худро аз аждаҳорон базӯр халос кард.
Ба ҳамин минвол чанд тариқа сеҳр оғоз кард. Ҳотам ҳамаи сеҳрҳои ӯро рад кард ва он аждаҳорон панҷ ҳазор ҷодуро фурӯ бурда буданд. Аз дувоздаҳ ҳазор ҷоду се ҳазор ҷоду боқӣ монда буд.
Аз ин корҳои Ҳотам тарсида ҳамаи онҳо дар назди Аҳмар рафта гуфтанд:
— Эй Сом, ин ҷавон сахт соҳир аст. Бигурез, ки ҷон ҳам ғанимат аст.
Аҳмар дид, ки ин гуфта ҳамаи ҷодувон гурехта мераванд, дарҳол бонг бар онҳо зада гуфт, ки:
— Эй намакҳаромон, акнун гурехта куҷо меравед, инак, ин ҷавонро дар қайд хоҳам кашид.
Ҷодувон гуфтанд:
— Ин ҳарфи ношуниданист, — ва овози Аҳмарро гӯш накарда, ҳамаи онҳо дар гурез шуданд.
Аҳмар дид, ки ҳамаи онҳо гурехта рафта истодаанд, афсуне хонда ба тарафи онҳо дамида буд, ки ҳамаи онҳо ба сурати дарахт даромаданд ва Аҳмари ҷоду танҳо монда мегуфт, ки «ҳарчанд бо ин ҷавон сеҳр мекунам, кор намекунад», ин гуфта афсуне хонд ва ба худ бидамид, дарҳол парвоз карда, ба рӯи ҳаво рафт ва аз назари Ҳотам ғоиб шуд.
Ҳотам аз Сармақ пурсид, ки:
— Ҷоду куҷо шуд?
Сармақ гуфт:
— Аҳмар гурехта дар назди ҷодуи калон, устоди худ рафт.
Ҳотам гуфт:
— Маро кори азиме дар пеш аст, то Аҳмар ба даст наояд, кори ман тамом нахоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё