Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Сармақ гуфт:
— Аҳмарро аз пеши ҷодуи калон хоҳӣ ёфт, на аз ҷои дигар.
Ҳотам гуфт:
— Ҷодуи калонро чӣ ном аст?
Сармақ гуфт:
— Ӯро ном Қамаллок мегӯянд, ҳамаи ҷодувон ӯро ба ҷои худо мепарастанд ва ватани ӯ дар кӯҳ аст ва дар он кӯҳ аз рӯи сеҳр осмоне дуруст карда ва бар он осмон офтобу моҳтоб ва ситорагон барпо кардааст. Ва дар зери он осмон аз сеҳр шаҳре сохта бо сӣ ҳазор ҷоду дар он шаҳр мутаваттин аст.1
Ҳотам гуфт:
— Ту кӯҳи Қамаллокро медонӣ, ки чанд фарсанг роҳ бошад?
Сармақ гуфт:
— Аз ин ҷо то ба кӯҳи Қамаллок роҳ дур аст.
Боз Сармақ гуфт:
— Чандон ки хосияти исми аъзамро дидам, ихлосам аз ин ҷодувон гашт ва ҳамаи корҳои онҳо ботил будааст. Аз ту илтимосе дорам, ки маро ба хизматгорӣ қабул фармоӣ.
Ҳотам гуфт:
— Бигӯ, ки лашкари ҷоду куҷо шуд?
Сармақ гуфт:
— Ин ҳама дарахтон, ки мебинӣ, ҳамаи лашкари Соми Аҳмар аст, ки ӯ сеҳр карда рафтааст; то ба қиёми қиёмат инҳо ба ҳамин сурати дарахт дар ин ҷо хоҳанд монд. Боз гуфт:
— Эй Ҳотам, метавонӣ онҳоро ба сурати аслӣ оварда, мутеи худ гардонӣ, бо мо ҳамроҳӣ карда хоҳанд рафт.
Дарсоат Ҳотам гуфт:
— Эй Сармақ, як пиёла об биёр.
Сармақ давида рафт, як пиёла об овард. Ҳотам ба он об дам андохт ва ба дасти Сармақ дода гуфт:
— Ин обро зери ҳар кадоми ин дарахтон бирез.
Сармақ он обро дар зери ҳар кадоми он дарахтон рехт. Дарҳол се ҳазор ҷоду ба сурати аслии худ омаданд ва аз Сармақ пурсиданд, ки:
— Соми Аҳмар куҷост?
Сармақ гуфт:
— Шумоёнро ба сурати дарахтон карда худи ӯ ба-

1 Яъне: ватан гирифтааст.

пешина
аз 269
навбатӣ