Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

дар рафт. Маълум мешавад, ки назди устоди худ — Камаллоки ҷоду рафтааст.
Сармак боз гуфт:
— Эй ҷодувон, шумоён аз аҳволи худҳо хабар диҳед, ки ба чӣ кайф будед?
Онҳо гуфтанд:
— Моён дар як ҷо истода будем, аммо қудрати роҳ рафтан ва ҳаракат кардан надоштем ва тамомии аъзои моён холӣ аз ғаму андӯҳ набуд. Алҳол ба баракати ин ҷавонмард ба асли қадим омадем, аммо ин ҷавонмард аҷаб будааст, ки аз сеҳри Аҳмари ҷоду наҷот ёфта, ӯро пеш кардааст. Акнун моён аз ин ҷавонмард ҷудо нахоҳем шуд, — гуфта дар пеши Ҳотам омаданд ва дар зери қадами ӯ бандавор афтоданд.
Баъд аз соате гуфтанд:
— Эй хидеванд, акнун иродаи чӣ дорӣ ва куҷо хоҳӣ рафт?
Ҳотам гуфт:
— Аз паи Аҳмар хоҳам рафт ва ӯро ба даст хоҳам даровард. Бубинам, ки ба рағбати худ духтарро ба ман медиҳад ё не.
Ҷодувон гуфтанд, ки:
— Духтари Аҳмарро дар куҷо дидӣ, ки мубталои ӯ шудӣ ва ба талаби ӯ мегардӣ?
Ҳотам гуфт:
— Дар саҳрои харгӯшу хурӯс дида будам ва дар талаби ӯ бисёр ранҷҳо кашидам ва он чӣ ҷабру ситами Соми Аҳмар дар ҳаққи ман дареғ надошт шумоён ҳам дидед. Иншооллоҳ ӯро ба даст оварда, интиқом хоҳам ситонид.
Ҷодувон гуфтанд:
— Эй Ҳотам, бидон ва огоҳ бош, ки устоди ӯ Қамаллок баланд соҳир аст.
Ҳотам гуфт:
— Эй бародарон, агар завқи тамошо доред, бо ман биёед, вагарна дар ҳамин ҷо бошед, ман донам.
Ҷодувон гуфтанд, ки:
— Эй Ҳотам, ту барои моён эҳсон кардӣ ва аз мурувват нест, ки дар назди Камаллок ва Соми Аҳмар танҳо фиристонем. Агар сеҳри онҳоро рад кардӣ, беҳтар бошад ва илло бо ту ҳамроҳ хоҳем мурд.
Ҳотам гуфт:
— Эй ҷодувон, биёед, ки ба ҷониби Аҳмару Қамаллок биравем.

пешина
аз 269
навбатӣ