Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Дарҳол ҳамаи ҷодувон бо ҳамроҳии Ҳотам ба ҷониби кӯҳи Қамаллок равона шуданд. Ба ҷое расида диданд, ки толоби аҷибе.
Аз оби толоб нӯши ҷон карданд. Дарҳол то ба нофи худҳо фурӯ рафтанд.
Ҳотам гуфт:
— Эй ёрон, ин чӣ сир аст, ки чунин шудем?
Ҷодувон аз ҷавоб додан оҷиз буданд.
Ҳотам аз онҳо ҷудо намешуд ва афсӯс мехӯрд. Дарзамон ба хотири Ҳотам номи аъзам расид. Исми аъзамро хонда дамида буд, ки оби нилгун аз биниву нофи онҳо ҷорӣ шуд. Мартабаи сеюм, ки хонда буд, ҳамаи онҳо аз оби толоб берун омада, ба сурати аслӣ қоим шуданд ва Ҳотамро дуои хайр карданд.
Ҳотам пурсид, ки:
— Эй ёрон, чӣ ҳол буд, ки шумоён чунину чунон шудед?
Онҳо гуфтанд:
Маълум шуд, ки Соми Аҳмар аз ин роҳ рафта ва оби ин толобро бо сеҳри худ дуруст кардааст.
Ва гуфтанд:
— Эй Ҳотам, ту аз баракати номи аъзам ҳамаи сеҳрҳои ӯро ночиз гардонидӣ ва ба шарофати ту моён ҳам аз балои сеҳри ӯ халос шудем.
Баъд Ҳотам дид, ки асари сеҳр дар оби толоб намонд, якеро амр кард, ки аз оби толоб қадре бинӯш. Дарҳол ӯ аз оби толоб қадре нӯшид. Соате биистод, диданд, ки ба ӯ ҳеҷ ҳодиса нашуд. Ҳотам ва дигар ҷодувон аз он об нӯшида ғусл карданд.
Сабукрӯҳ шуда, офият ёфтанд ва ҳамаи онҳо ба хизмати Ҳотам камари ҳиммат бар миёни худҳо баста буданд ва мегуфтанд:
— Эй ҷавонмард, акнун бубин чунон ҳикматҳо кунем, ки ба шарҳ рост наояд.
Алкисса, ҳамаи онҳо ба ҷониби Аҳмари ҷоду равона шуданд.
Аҳмар хабар ёфта дар назди Қамаллок омад.
Қамаллок гуфт:
— Эй Аҳмар, туро чӣ шуд, ки бо ин ҳол гурехта омадӣ?
Аҳмар гуфт:
— Эй устод, дар макони ман Ҳотам ном шахсе омада, тамоми сеҳрҳои маро ботил гардонид ва аксари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё