Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
лашкари маро кушта, баъзеи онҳоро мутеи худ кардааст.
Қамаллок дар ғазаб даромада гуфт:
— Эй Аҳмар хотири худро ҷамъ дор, ман ӯро ғуллу занҷир карда ба ту хоҳам дод.
Алкисса, Қамаллок сеҳре хонда ба гирди макони худ бидамид. Дарҳол ба гирди макони ӯ ҳисоре барпо шуд, ки ба гуфтан рост намеояд ва гирди он ҳисор оташ сар барзадан гирифт.
Баъд аз панҷ рӯз Ҳотам ба кӯҳи Қамаллок расида дид, ки ҳисори азиме ва гирдогирди он оташ фаввора мезанад.
Дарҳол исми аъзамро хонда, ба ҷониби он кӯҳи
оташ бидамид, он кӯҳ бартараф шуд.
Мулозимон хабар ба Қамаллок расониданд, ки ҳамон ҷавон дар зери кӯҳ расида, ҳамаи оташҳоро барҳам зад.
Боз Қамаллок афсуни дигаре хонда, ба ҷониби Ҳотам дамид. Ногоҳ аз чаҳор тарафи Ҳотам ва тобеони ӯ дарёи азиме пайдо шуда мавҷзанон наздик расид.
Ҳамаи рафиқон фарёд бароварданд, ки:
— Эй худованд, бохабар бош, ки дарёи сеҳр меояд ва ҳамаи моёнро ғарқу ҳалок хоҳад гардонид.
Дарҳол Ҳотам исми аъзамро хонда, ба ҷониби он дарё дамид ва он дарёи пуршӯр баргашта, ба ҷониби Қамаллок равона шуд.
Қамаллок дид, ки дарёи сеҳр меояд, агар илоҷ накунад, тамомии шаҳру маконҳоро хароб хоҳад гардонид. Дарзамон сеҳри дигаре хонда он дарёро ночиз кард.
Аҳмар гуфт:
— Эй раҳнамо, Ҳотам қасди баромадани кӯҳ дорад.
Боз Қамаллок бо Аҳмар ба хондани сеҳр мукайяд шуд. Дарзамон бар болои сари Ҳотам сангҳои панҷманӣ ва даҳманӣ ба монанди жола боридан гирифт. Ҳотам ба хондани исми аъзам мукайяд шуд ва он борони санг ба Ҳотаму рафиқони ӯ нарасида, ба атрофи эшон ҷамъ мешуд.
Алкисса шабона рӯз ба гирдогирди эшон санг борида, ба мисли қалъаи баланд шуд.
Ҳотам, исмро хонда пештар қадам ниҳод.
Дид, ки не кӯҳ ҳаст ва не Қамаллок.
Мулозимон гуфтанд ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё