Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй Ҳотам, Қамаллок он кӯҳро аз назар ғоиб кардааст.

Ҳотам низ дар ҳамон ҷо нишаста исм хонда дамидан гирифт. Баъд аз се рӯз кӯҳ ба назари онҳо намудор шуд.

Ҳотам аз ҷои худ бархоста бо рафиқон бар болои кӯҳ мерафт.

Мулозимони Қамаллок шӯру ғавғо бардошта гуфтанд, ки:

— Он ҷавон бо ходимон аз болои кӯҳ омада истодааст.

Дарҳол Қамаллок илоҷ наёфта, аз сеҳр осмоне дуруст кард, ки баландии он ҳазор газ. Бо тобеони худ бар болои он осмон баромада бадар рафт.

Ҳотам бо тобеони худ дар даруни шаҳр даромада дид, ки чандин қисм таом пухта тайёр гузоштаанд. Дарҳол Ҳотам бо рафиқон аз он таомҳо хӯрдан гирифт.

Ҳар кадоме, ки як луқма аз он таомҳо хӯрд, дарҳол хуни бинӣ аз ӯ ба монанди оби равон ҷорӣ шуд.

Ҳотам донист, ки малҳунон ба ҳамаи ин таомҳо сеҳр карда рафтаанд. Дарҳол исми аъзамро хонда дамид. Сеҳр аз ҳамаи он таомҳо бартараф шуд ва рафиқони Ҳотам аз он таомҳо ишкамсерӣ хӯрданд.

Ҳотам пурсид, ки:

— Эй рафиқон, осмони Қамаллок дар куҷост?

Рафиқон гуфтанд, ки:

— Бар рӯи ҳаво монанди гунбад менамояд, ҳамон аст. Ҳотам ғуслу вузӯи тоза карда, исми аъзамро хонда ба ҷониби осмони Қамаллок дамид. Дарзамон осмони Қамаллок пора-пора шуд. Ҳамаи ҷодувон аз болои он осмон сарнагун афтода, ҷон ба молики дӯзах супурданд.

Қамаллок бо Аҳмар ба зӯри сеҳр аз он ҷо низ дар гурез шуд.

Ҳотам мутаоқиб шуда¹ исми аъзамро хондан гирифт. То ба ҳангоме, ки оташ аз зери домони Қамаллок бархост. Дарзамон сӯхта хокистар гашт.

Устоди худро чунин дида, Соми Аҳмар саросема шуда ва аз кӯҳ афтода, устухонҳои ӯ нарм-нарм ва гард-гард шуд.

Ҳотам шукр ба ҷо овард ва ҷамъи ҷодувон дар зери қадами ӯ афтода таҳсину офаринҳо карданд.

¹Яъне: таъқиб карда, таъқибкунон...

пешина
аз 269
навбатӣ