Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам рӯ ба ҷониби Сармақ карда гуфт:
— Эй Сармақ, мо подшоҳии ҳамин мулкро ба ту додем, ба шарте ки бар бандагони Худо зулму тааддӣ накунӣ ва ҳамаи раоёро аз худ розӣ гардонӣ.
Баъд аз он рӯ ба ҷониби рафиқон карда гуфт ки:
— Шумоён ҳам Сардории Сармакро қабул намоед.
Онҳо гуфтанд, ки:
— Фармонбардорем.
Ҳотам боз гуфт:
— Эй дӯстон, акнун ман ба ҷониби маликаи Зарринпӯш хоҳам рафт.
Ҷодувон гуфтанд:
— Эй худованд, моён низ бо шумо ҳамроҳ хоҳем рафт.
Ҳотам боз гуфт:
— Эй ёрон, ҳамаи насиҳатҳои моро қабул намоед ва маро танҳо гузоред.
Онҳо гуфтанд:
— Эй азиз, ҳаргиз аз гуфтаи ту ва Сармақ берун наравем.
Ҳотам бо онҳо видоъ карда, ба ҷониби толоб равона шуд. Баъд аз чанд рӯз бар сари толоб расида дид, ки толоб нопадид шуда, он дарахт ба ҷояш истодааст. Аммо ба ҷои толоб маҳаллае аз шиша дар назар менамояд. Дарҳол ба дарвоза расида дид, ки ҳамаи он моҳрӯён ба дарвозаи он маҳалла дарбон шуда нишастаанд.
Чун Ҳотамро диданд, пурсиданд, ки:
— Ту кистӣ ва аз куҷо меоӣ?
Ҳотам гуфт:
— Ман ҳамон шахсам, ки бо шумоён ба шохи дарахт овезон шуда, уқубатҳо кашида будам. Бархезед, саломи маро ба маликаи Зарринпӯш расонед, ки барои ӯ муждаҳо овардаам.
Дарҳол мулозим рафта гуфт:
— Эй маликаи ҷаҳон, ҷавоне омада ва мегӯяд, ки маликаро мулозимат менамоям.
Малика соате сар фурӯ карда, баъд сар бардошта гуфт, ки:
— Рафта пурс, падарам чӣ гуна аст?
Дарзамон мулозим рафта гуфт:
— Малика аз ҳақиқати кори падари худ мепурсанд.
Ҳотам гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё