Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Худ рафта ба хизмати малика аҳволи падари ӯро баён хоҳам намуд.
Дарзамон мулозим рафта гуфт:
— Ҷавон чунину чунон мегӯяд.
Малика фармуд:
— Дарҳол рафта ӯро биёред.
Мулозимон Ҳотамро дар назди малика оварданд.
Назари Ҳотам ба рӯи малика афтод, дархол беҳуш шуда сарнагун афтод.
Малика фармуд, ки:
— Хушбӯй ба димоғи ин ҷавон доред.
Мулозимон чунин карданд. Ҳотам ба ҳуш омада дид, ки малика бар болои сари ӯ истодааст.
Ҳотам шод шуда, дар дили худ гуфт: «Боре маъшуқ аз ҳоли аламзадагон хабар мегирифтааст».
Малика ба ҳазор нозу карашма бар болои тахт гузашта бинишаст ва гуфт:
— Эй мулозимон, барои Ҳотам курсии заррин биёред.
Мулозимон чунин карданд. Ҳотамро низ бар курсӣ нишониданд.
Малика ба забони ширин хитоб ба ҷониби Ҳотам карда гуфт:
— Эй азиз, саргузашти худро гӯй, то бишнавем.
Ҳотам ба чандин узру таъзим ҳамаи саргузашти худро ва аҳволоти падари ӯро дар назди малика як-як баён намуд ва гуфт:
— Эй маликаи ҷаҳон, ин ҳама меҳнату машаққатҳоро барои ту кашидаам. Бояд, ки ин ҳама кулфатҳоро мубаддал ба роҳат гардонӣ ва дили ин мискини гирифторро дар қайди зулфи мушкбори худ ҳамеша дорӣ.
Мурод ва орзуи ин бечора ҳамин аст.
Дарзамон мулозимон гуфтанд:
— Эй малика, Ҳотам подшоҳзодаи Яман аст, ин ҳама ранҷу машаққатро аз барои ту кашида омадааст.
Акнун бояд саранҷоми шодӣ намоӣ ва падарат ҷодуи золиме буд, аз ин олам бартараф шуда, дар пешгоҳи ҷаҳаннам ҷой гирифт.
Дарҳол малика аз болои тахти худ бархост ва андар ҳарами худ рафта, ниқоб бар рӯи худ кашида бинишаст.
Мулозимон дар саранҷоми шодӣ шуда, муддати ҳафт шабонарӯз ба созу нағма ва таомҳои гуногун чашне

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё